 |
Қиссаи ҳудҳуд ва Сулаймон алайҳиссалом дар баёни он ки чун қазо ояд, чашмҳои равшан баста шавадЧун Сулаймонро саропарда заданд, Ҷумла мурғонаш ба хидмат омаданд. Ҳамзабону маҳрами худ ёфтанд, Пеши ӯ як-як ба ҷон биштофтанд. Ҷумла мурғон тарк карда чик-чик, Бо Сулаймон гашта «афсаҳ мин ахик». Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст. Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон, Эй басо ду турк чун бегонагон. Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст. Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил. Ҷамла мурғон ҳар яке асрори худ Аз ҳунар в-аз донишу аз кори худ Бо Сулаймон як ба як воменамуд, Аз барои арза худро меситуд. Аз такаббур неву аз ҳастии хеш, Баҳри он то раҳ диҳад ӯро ба пеш. Чун бибояд бардаро аз хоҷае, Арза дорад аз ҳунар дебочае. Чунки дорад аз харидориш нанг, Хун кунад бемору карру шаллу ланг. Навбати ҳудҳуд расиду пешааш В-он баёни санъату андешааш. Гуфт: «Эй шаҳ, як ҳунар, к-он кеҳтар аст, Бозгӯям, гуфт кӯтаҳ беҳтар аст». Гуфт: «Баргӯ, то кадом аст он ҳунар?» Гуфт: «Ман он гаҳ ки бошам авҷ - бар. Бингарам аз авҷ бо чашми яқин, Ман бибинам об дар қаъри замин. То куҷо асту чӣ умқ асташ, чӣ ранг? Аз чӣ меҷӯшад? Зи хоке ё зи санг? Эй Сулаймон, баҳри лашкаргоҳро Дар сафар медор ин огоҳро». Пас Сулаймон гуфт: «Эй некӯрафиқ! Дар биёбонҳои беоби амиқ То биёбӣ баҳри лашкар обро, Дар сафар саққо шавӣ асҳобро».
Саҳифаи 67/173 |