 |
Мужда бурдани харгӯш сӯйи нахҷирон, ки шер дар чоҳ фитодЧунки харгӯш аз раҳоӣ шод гашт, Сӯйи нахҷирон давон шуд то ба дашт. Шерро чун дид дар чаҳ, кушта зор, Чарх мезад шодмон то марғзор. Даст мезад, чун раҳид аз дасти марг, Сабзу рақсон дар ҳаво чун шоху барг. Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд, Сар бароварду ҳарифи бод шуд. Баргҳо чун шохро бишкофтанд, То ба болои дарахт иштофтанд. Бо забони «шатъуҳу» шукри Худо Месарояд ҳар бару барге ҷудо, Ки бипарвард асли моро зулато, То дарахт истағлаз омад в-иставо. Ҷонҳои баста андар обу гил, Чун раҳанд аз обу гилҳо шоддил. Дар ҳавои ишқи Ҳақ рақсон шаванд, Ҳамчу қурси бадр бенуқсон шаванд. Ҷисмашон дар рақсу ҷонҳо, худ мапурс В-он ки гирди ҷон, аз онҳо худ мапурс. Шерро харгӯш дар зиндон нишонд, Нанги шере, к-ӯ зи харгӯше бимонд. Дар чунон нангеву он гаҳ ин аҷаб, «Фахри дин» хоҳад, ки гӯяндаш лақаб. Эй ту шерӣ дар таги ин чоҳ фард, Нафс чун харгӯш хунат рехту х(в)ард. Нафси харгӯшат ба саҳро дар чаро, Ту ба қаъри ин чаҳи чуну чаро. Сӯйи нахҷирон давид он шергир, К- «ибширу ё қавму из ҷоа-л-башир». Мужда-мужда, эй гурӯҳи айшсоз, К-он саги дӯзах ба дӯзах рафт боз. Мужда-мужда, к-он адувви ҷонҳо, Канд қаҳри холиқаш дандонҳо. Он кӣ аз панҷа басе саҳро бикӯфт, Ҳамчу хас ҷорӯби маргаш ҳам бирӯфт.
Саҳифаи 74/173 |