|
|
|
|
Ҷамъ шудани нахҷирон гирди харгӯш ва сано гуфтан ӯроҶамъ гаштанд он замон ҷумла вуҳуш, Шоду хандон, аз тараб дар завқу ҷӯш. Ҳалқа карданд, ӯ чу шамъе дар миён, Саҷда оварданду гуфтандаш, ки ҳон! Ту фариштай осмонӣ ё парӣ? Не, ту Азроили шерони нарӣ. Ҳар чӣ ҳастӣ, ҷонӣ мо қурбони туст, Даст бурдӣ, дасту бозуят дуруст. Ронд Ҳақ ин обро дар ҷӯйи ту, Офарин бар дасту бар бозуи ту. Бозгӯ, то чун сиголидӣ ба макр? Он авонро чун бимолидӣ ба макр? Бозгӯ, то қисса дармонҳо шавад, Бозгӯ, то марҳами ҷонҳо шавад. Бозгӯ, к-аз зулми он истамнамо Садҳазорон захм дорад ҷони мо. Гуфт: «Таъйиди Худо буд, эй меҳон! В-арна харгӯше кӣ бошад дар ҷаҳон? Қувватам бахшиду дилро нур дод, Нури дил мар дасту поро зӯр дод». Аз бари Ҳақ мерасад тафзилҳо, Боз ҳам аз Ҳақ расад табдилҳо. Ҳақ ба давру навбат ин таъйидро Менамояд аҳли занну дидро.
75/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|