|
|
|
|
Тафсири «Раҷаъно мин-ал-ҷиҳоди-л-асғари ила-л-ҷиҳоди-л-акбар»Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун, Монд хасме з-ӯ батар дар андарун. Куштани ин кори ақлу ҳуш нест, Шери ботин сухраи харгӯш нест. Дӯзах аст ин нафсу дӯзах аждаҳост, К-ӯ ба дарёҳо нагардад камму кост. Ҳафт дарёро дарошомад, ҳанӯз Кам нагардад сӯзиши он халқсӯз. Сангҳову кофирони сангдил Андар оянд андар ӯ зору хиҷил. Ҳам нагардад сокин аз чандин ғизо, То зи Ҳақ ояд мар ӯро ин нидо: Сер гаштӣ? Сер гӯяд: «На ҳанӯз!» Ин-т оташ, ин-т тобиш, ин-т сӯз. Оламеро луқма карду даркашид, Меъдааш наъразанон: «Ҳал мин мазид?» Ҳақ қадам бар вай ниҳад аз ломакон, Он гаҳ ӯ сокин шавад аз «кун факон». Чунки ҷузви дӯзах аст ин нафси мо, Табъи кул дорад ҳамеша ҷузвҳо. Ин қадам Ҳақро бувад, к-ӯро кушад, Ғайри Ҳақ худ кӣ камони ӯ кашад? Дар камон нанҳанд илло тири рост, Ин камонро божгун каж тирҳост. Рост шав чун тиру вораҳ аз камон, К-аз камон ҳар рост биҷҳад бегумон. Чунки вогаштам зи пайкори бурун, Рӯй овардам ба пайкори дарун. «Қад раҷаъно мин ҷиҳоди-л-асғар» -ем, Бо набӣ андар ҷиҳоди акбарем. Қувват аз Ҳақ хоҳаму тавфиқу лоф, То ба сӯзан барканам ин кӯҳи Қоф. Саҳл шере дон, ки сафҳо бишканад, Шер он аст, он ки худро бишканад.
77/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|