|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتریکوم |
|
|
Тафсири байти Ҳаким разийаллоҳу анҳу:Осмонҳост дар вилояти ҷон Корфармои осмони ҷаҳон. Дар раҳи рӯҳ пасту болоҳост, Кӯҳҳои баланду дарёҳост. Ғайбро абреву обе дигар аст, Осмону офтобе дигар аст. Н-ояд он илло, ки бар хосон падид, Боқиён «фӣ лабси мин халқин ҷадид». Ҳаст борон аз пайи парвардагӣ, Ҳаст борон аз пайи пажмурдагӣ. Нафъи борони баҳорон булаҷаб! Боғро борони пойизӣ чу таб! Он баҳоре нозпарвардаш кунад, Ин хазоне нохушу зардаш кунад. Ҳамчунин сармову боду офтоб, Бар тафовут дону сарришта биёб. Ҳамчунин дар ғайби анвоъ аст ин, Дар зиёну суду дар рибҳу ғабин. Ин дами абдол бошад з-он баҳор, Дар дилу ҷон рӯяд аз вай сабзазор. Феъли борони баҳорӣ бо дарахт, Ояд аз анфосашон дар некбахт. Гар дарахти хушк бошад дар макон, Айби он аз боди ҷонафзо мадон. Бод кори хеш карду барвазид, Он кӣ ҷоне дошт, бар ҷонаш гузид.
Саҳифаи 101/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|