|
|
|
|
Дар хоб гуфтани ҳотиф мар Умарро разийаллоҳу анҳу, ки чандин зар аз байтулмуол ба он мард деҳ, ки дар гӯристон хуфтаастОн замон Ҳақ бар Умар хобе гумошт, То ки хеш аз хоб натвонист дошт. Дар аҷаб афтод, к-ин маъҳуд нест, Ин зи ғайб афтод, бемақсуд нест. Сар ниҳоду хоб бурдаш, хоб дид, К-омадаш аз Ҳақ нидо, ҷонаш шунид. Он нидое, к-асли ҳар бонгу навост, Худ нидо он аст в-ин боқӣ садост. Турку курду порсигӯву араб Фаҳм карда он нидо бе гӯшу лаб. Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг? Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг. Ҳар даме аз вай ҳамеояд «аласт», Ҷавҳару аъроз мегарданд ҳаст. Гар намеояд «бало» з-эшон, вале, Омаданшон аз адам бошад, бале. З-он чӣ гуфтам ман зи фаҳми сангу чӯб, Дар баёнаш қиссае ҳуш дор хуб:
105/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|