Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари якум

 
rumi

Нолидани сутуни ҳаннона, чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутуни сареҳ

Устуни ҳаннона аз ҳаҷри расул
Нола мезад ҳамчу арбоби уқул.
Гуфт пайғамбар: «Чӣ хоҳӣ, эй сутун!»
Гуфт: «Ҷонам аз фироқат гашт хун.
Маснадат ман будам, аз ман тохтӣ,
Бар сари минбар ту маснад сохтӣ?»
Гуфт: «Хоҳӣ, ки туро нахле кунанд,
Шарқиву ғарбӣ зи ту мева чинанд?
Ё дар он олам Ҳақат сарве кунад,
То тару тоза бимонӣ то абад?»
Гуфт: «Он хоҳам, ки доим шуд бақош»,
Бишнав, эй ғофил, кам аз чӯбе мабош.
Он сутунро дафн кард андар замин,
То чу мардум ҳашр гардад явми дин.
То бидонӣ ҳар киро Яздон бихонд,
Аз ҳама кори ҷаҳон бекор монд.
Ҳар киро бошад зи Яздон кору бор,
Ёфт бор он ҷову берун шуд зи кор.
Он кӣ ӯро набвад аз асрор дод,
Кай кунад тасдиқ ӯ нола ҷамод?
Гӯяд: «Оре», на зи дил, баҳри вифоқ,
То нагӯяндаш, ки ҳаст аҳли нифоқ.
Гар наяндӣ воқифони амри «кун»,
Дар ҷаҳон рад гашта будӣ ин сухун.
Садҳазорон з-аҳли тақлиду нишон,
Афганадшон ним ваҳме дар гумон,
Ки ба зан тақлиду истидлолашон,
Қоим асту ҷумла парру болашон.
Шубҳае ангезад он шайтони дун,
Дарфитанд ин ҷумла кӯрон сарнигун.
Пойи истидлолиён чӯбин бувад,
Пойи чӯбин сахт бетамкин бувад.
Ғайри он қутби замони дидавар,
К-аз суботаш кӯҳ гардад хирасар.
Пойи нобино асо бошад, асо,
То наяфтад сарнигун ӯ бар ҳасо.
Он саворе, к-ӯ сипаҳро шуд зафар,
Аҳли динро кист? Султони басар.
Бо асо кӯрон агар раҳ дидаанд,
Дар паноҳи халқ рӯшандидаанд.
Гар на биноён будандиву шаҳон,
Ҷумла кӯрон мурдаандӣ дар ҷаҳон.
На зи кӯрон кишт ояд, на дуруд,
На иморат, на тиҷоратҳову суд.
Гар накардӣ раҳмату ифзолатон,
Даршикастӣ чӯби истидлолатон.
Ин асо чӣ бвад? Қиёсоту далел,
Он асо кӣ додашон? Бино ҷалил!
Чун асо, шуд олати ҷангу нафир,
Он асоро хурд бишкан, эй зарир!
ӯ асотон дод, то пеш омадет,
Он асо аз хашм ҳам бар вай задет?
Ҳалқаи кӯрон! Ба чӣ кор андаред?
Дидбонро дар миёна оваред.
Домани ӯ гир, к-ӯ додат асо,
Дарнигар, к-Одам чиҳо дид аз «асо».
Мӯъҷизай Мӯсову Аҳмадро нигар:
Чун асо шуд мору устун бохабар.
Аз асо мореву аз устун ҳанин
Панҷ навбат мезананд аз баҳри дин.
Гар на номаъқул будӣ ин маза,
Кай будӣ ҳоҷат ба чандин мӯъҷиза?
Ҳар чӣ маъқул аст, ақлаш мехурад,
Бе баёни мӯъҷиза, бе ҷарру мад.
Ин тариқи бикри номаъқул бин,
Дар дили ҳар муқбиле мақбул бин.
Ҳамчунон к-аз бими Одам деву дад,
Дар ҷазоир даррамиданд аз ҳасад.
Ҳам зи бими мӯъҷизоти анбиё
Сар кашида мункарон зери гиё.
То ба номуси мусулмонӣ зиянд,
Дар тасаллус то надонӣ, ки кианд.
Ҳамчу қуллобон бар он нақди табоҳ
Нуқра мемоланду номи подшоҳ.
Зоҳири алфозашон тавҳиду шаръ,
Ботини он ҳамчу дар нон тухми саръ.
Филсафиро заҳра на то дам занад,
Дам занад, дини Ҳақаш барҳам занад.
Дасту пойи ӯ ҷамоду ҷони ӯ,
Ҳар чӣ гӯяд, он ду дар фармони ӯ.
Бо забон гарчи ба тӯҳмат мениҳанд,
Дасту поҳошон гувоҳӣ медиҳанд.

Саҳифаи 106/173
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj