|
Сифати аҷниҳаи туюри уқули илоҳӣҚиссаи тӯтии ҷон з-ин сон бувад, Ку касе, к-ӯ маҳрами мурғон бувад? Ку яке мурғе, заифе, бегуноҳ В-андаруни ӯ Сулаймон бо сипоҳ? Чун бинолад зор бе шукру гила, Афтад андар ҳафт гардун ғулғула. Ҳар дамаш сад нома сад пайк аз Худо, Ё рабе з-ӯ, шаст лаббайк аз Худо. Заллати ӯ беҳ зи тоат назди Ҳақ, Пеши куфраш ҷумла имонҳо халақ. Ҳар даме ӯро яке меъроҷи хос, Бар сари тоҷаш ниҳад сад тоҷи хос. Сураташ бар хоку ҷон бар ломакон, Ломаконе фавқи ваҳми соликон. Бал макону ломакон дар ҳукми ӯ Ҳамчу дар ҳукми биҳиште чор ҷӯ. Шарҳи ин кӯтаҳ куну рух з-ин битоб, Дам мазан, «валлоҳу аълам би-с-савоб». Боз мегардем мо, эй дӯстон, Сӯйи мурғу тоҷиру Ҳиндустон. Марди бозаргон пазируфт ин паём, К-ӯ расонад сӯйи ҷинс аз вай салом.
Саҳифаи 86/173 |