Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари якум

 
rumi

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай

Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,
Пас биларзид, уфтоду гашт сард.
Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин
Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,
Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.
Гуфт: «Эй тӯтии хуби хушҳанин,
Ин чӣ будат? Ин чаро гаштӣ чунин?
Эй дареғо, мурғи хушовози ман,
Эй дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман.
Эй дареғо, мурғи хушалҳони ман,
Роҳи рӯҳу равзаву райҳони ман.
Гар Сулаймонро чунин мурғе будӣ,
Кай худ ӯ машғули он мурғон шудӣ?
Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,
Зуд рӯй аз рӯйи ӯ бартофтам».
Эй забон, ту бас зиёнӣ бар варо,
Чун туӣ гӯё, чӣ гӯям ман туро?
Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?
Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,
Гарчи ҳар чӣ гӯияш, он мекунад.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.
Ҳам сафиру худъаи мурғон туӣ,
Ҳам аниси ваҳшати ҳиҷрон туӣ.
Чанд амонам медиҳӣ, эй беамон!
Эй ту зеҳ карда ба кини ман камон.
Нак, бипарронидаӣ мурғи маро,
Дар чарогоҳи ситам кам кун чаро.
Ё ҷавоби ман бигӯ ё дод деҳ,
Ё маро з-асбоби шодӣ ёд деҳ.
Эй дареғо, нури зулматсӯзи ман,
Эй дареғо, субҳи рӯзафрӯзи ман.
Эй дареғо, мурғи хушпарвози ман,
З-интиҳо паррида то оғози ман.
Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,
Хез, «ло уқсим» бихон, то «фӣ кабад».
Аз кабад фориғ будам бо рӯйи ту
В-аз забад софӣ будам дар ҷӯйи ту.
Ин дареғоҳо хаёли дидан аст
В-аз вуҷуди нақди худ бубридан аст.
Ғайрати Ҳақ буду бо Ҳақ чора нест,
Ку диле, к-аз ишқи Ҳақ садпора нест?
Ғайрат он бошад, ки ӯ ғайри ҳама-ст,
Он кӣ афзун аз баёну дамдама-ст.
Эй дареғо, ашки ман, дарё будӣ,
То нисори дилбари зебо будӣ.
Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,
Тарҷумони фикрату асрори ман.
Ҳар чӣ рӯзе доду нодод оядам,
ӯ зи аввал гуфта, то ёд оядам.
Тӯтие, к-ояд зи ваҳй овози ӯ,
Пеш аз оғози вуҷуд оғози ӯ.
Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,
Акси ӯро дида ту бар ину он.
Мебарад шодитро, ту шод аз ӯ,
Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ.
Эй ки ҷонро баҳри тан месӯхтӣ,
Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.
Сӯхтам ман. Сӯхта хоҳад касе?
То зи ман оташ занад андар хасе?
Сӯхта чун қобили оташ бувад,
Сӯхта бистон, ки оташ каш бувад.
Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ!
К-он чунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.
Чун занам дам? К-оташи дил тез шуд,
Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.
Он кӣ ӯ ҳушёр, худ тунд асту маст,
Чун бувад чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити марғзор афзун бувад.
Қофия андешаму дилдори ман,
Гӯядам: «Мандеш ҷуз дидори ман.
Хуш нишин, эй қофияандеши ман,
Қофийай давлат туӣ дар пеши ман.
Ҳарф чӣ бвад, то ту андешӣ аз он,
Ҳарф чӣ бвад? Хори девори разон.
Ҳарфу савту гуфтро бар ҳам занам,
То ки бе ин ҳар се бо ту дам занам.
Он даме, к-аз Одамаш кардам ниҳон,
Бо ту гӯям, эй ту асрори ҷаҳон!
Он дамеро, ки нагуфтам бо Халил
В-он ғамеро, ки надонад Ҷабраил».
Он даме, к-аз вай Масеҳо дам назад,
Ҳақ зи ғайрат низ бе мо ҳам назад.
Мо чӣ бошад дар луғат? Исботу нафй,
Ман на исботам. Манам бе зоту нафй.
Ман касӣ дар нокасӣ дарёфтам,
Пас касӣ дар нокасӣ дарбофтам.
Ҷумла шоҳон бандаи бандай худанд,
Ҷумла халқон мурдаи мурдай худанд.
Ҷумла шоҳон паст пасти хешро,
Ҷумла халқон маст масти хешро.
Мешавад сайёд мурғонро шикор,
То кунад ногоҳ эшонро шикор.
Бедилонро дилбарон ҷуста ба ҷон,
Ҷумла маъшуқон шикори ошиқон.
Ҳар кӣ ошиқ дидияш, маъшуқ дон,
К-ӯ ба нисбат ҳаст ҳам ину ҳам он.
Ташнагон гар об ҷӯянд аз ҷаҳон,
Об ҷӯяд ҳам ба олам ташнагон.
Чунки ошиқ ӯст, ту хомӯш бош,
ӯ чу гӯшат мекашад, ту гӯш бош.
Банд кун, чун сел сайлоне кунад
В-арна расвоиву вайронӣ кунад.
Ман чӣ ғам дорам, ки вайронӣ бувад?
Зери вайрон ганҷи султонӣ бувад.
Ғарқи Ҳақ хоҳад, ки бошад ғарқтар,
Ҳамчу мавҷи баҳри ҷон зеру забар.
Зери дарё хуштар ояд ё забар?
Тири ӯ дилкаштар ояд ё сипар?
Поракардай васваса бошӣ дило!
Гар тарабро, боздонӣ аз бало.
Гар муродатро мазоқи шаккар аст,
Бемуродӣ на муроди дилбар аст?
Ҳар ситораш хунбаҳои сад ҳилол,
Хуни олам рехтан ӯро ҳалол.
Мо баҳову хунбаҳоро ёфтем,
Ҷониби ҷон бохтан биштофтем.
Эй ҳаёти ошиқон дар мурдагӣ!
Дил наёбӣ ҷуз ки дар дилбурдагӣ.
Ман дилаш ҷуста ба сад нозу далол,
ӯ баҳона карда бо ман аз малол.
Гуфтам охир ғарқи туст ин ақлу ҷон,
Гуфт: «рав, рав, бар ман ин афсун махон».
Ман надонам он чӣ андешидаӣ?
Эй ду дида, дӯстро чун дидаӣ?
Эй гаронҷон, хор дидастӣ варо,
З-он ки бас арзон харидастӣ варо.
Ҳар кӣ ӯ арзон харад, арзон диҳад,
Гавҳаре тифле ба қурсе нон диҳад.
Ғарқи ишқеам, ки ғарқ аст андар ин,
Ишқҳои аввалину охирин.
Муҷмалаш гуфтам, накардам з-он баён
В-арна ҳам афҳом сӯзад, ҳам забон.
Ман чу «лаб» гӯям, лаби дарё бувад,
Ман чу «ло» гӯям, мурод «илло» бувад.
Ман зи ширинӣ нишастам рӯтуруш,
Ман зи бисёрии гуфторам хамуш.
То ки ширинии мо аз ду ҷаҳон,
Дар ҳиҷоби рӯтуруш бошад ниҳон.
То ки дар ҳар гӯш н-ояд ин сухун,
Як ҳамегӯям зи сад сирри ладун.

Саҳифаи 91/173
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj