|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари дуюм |
|
|
Тамомии қиссаи зинда шудани устухонҳо ба дуъои Исо алайҳиссалом Хонд Исо номи Ҳақ бар устухон, Аз барои илтимоси он ҷавон. Ҳукми Яздон аз пайи он хоммард Сурати он устухонро зинда кард. Аз миён барҷаст як шери сиёҳ Панҷае зад, кард нақшашро табоҳ. Каллааш барканд, мағзаш рехт зуд, Мағзи ҷавзе, к-андар ӯ мағзе набуд. Гар варо мағзе будӣ, ишкастанаш Худ набудӣ нақс, илло бар танаш. Гуфт Исо: «Чун шитобаш кӯфтӣ?» Гуфт: «З-он рӯ ки ту з-ӯ ошуфтӣ». Гуфт Исо: «Чун нахӯрдӣ хуни мард?» Гуфт: «Дар қисмат набудам ризқх(в)ард». Эй басо кас ҳамчу он шери жаён Сайди худ нохӯрда рафта аз ҷаҳон. Қисматаш коҳе наву ҳирсаш чу кӯҳ, Ваҷҳ неву карда таҳсили вуҷӯҳ. Эй муяссар карда бар мо дар ҷаҳон Сухраву бегор, моро вораҳон. Тӯъма бинмудӣ ба мо в-он буда шаст, Ончунон бинмо ба мо онро, ки ҳаст. Гуфт он шер: «Эй Масеҳо, ин шикор Буд холис аз барои эътибор». Гар маро зӯре будӣ андар ҷаҳон, Худ чӣ кор астӣ маро бо мардумон? Ин сазои он кӣ ёбад оби соф, Ҳамчу хар дар ҷӯ бимезад аз газоф. Гар бидонад қимати он ҷӯй хар, ӯ ба ҷойи по ниҳад дар ҷӯй сар. ӯ биёбад ончунон пайғамбарӣ, Миробӣ, зиндагонипарварӣ. Чун намирад пеши ӯ, к-аз амри «кун», Эй амири об, моро зинда кун. Ҳин, саги нафси туро зинда махоҳ, К-ӯ адувви ҷони туст аз дергоҳ. Хок бар сар устухонеро, ки он Монеъи ин саг бувад аз сайди ҷон. Саг найӣ, бар устухон чун ошиқӣ? Девчавор аз чӣ бар хун ошиқӣ? Он чи чашм аст он ки биноиш нест? З-имтиҳонҳо, ҷуз ки расвоиш нест. Саҳв бошад заннҳоро гоҳ-гоҳ, Ин чӣ занн аст, ин ки кӯр омад зи роҳ? Дида о! Бар дигарон навҳагарӣ? Муддате биншину бар худ мегирӣ. З-абри гирён шох сабзу тар шавад, З-он ки шамъ аз гиря равшантар шавад. Ҳар куҷо навҳа кунанд, он ҷо нишин, З-он ки ту авлотарӣ андар ҳанин. З-он ки эшон дар фироқи фониянд, Ғофил аз лаъли бақои кониянд. З-он ки бар дил нақши тақлид аст банд, Рав ба оби чашм бандашро биранд. З-он ки тақлид офати ҳар некуист, Каҳ бувад тақлид, агар кӯҳи қавист. Гар зарире ламтур асту тезхашм, Гӯштпора-ш дон, чу ӯро нест чашм. Гар сухан гӯяд зи мӯ бориктар, Он сирашро з-он сухан набвад хабар. Мастие дорад зи гуфти худ, валек Аз бари вай то ба май роҳест нек. Ҳамчу ҷӯй аст ӯ, на ӯ обе х(в)арад, Об аз ӯ бар обхӯрон бигзарад. Об дар ҷӯ з-он намегирад қарор, З-он ки он ҷӯ нест ташна- вобхор. Ҳамчу нойӣ нолаи зоре кунад, Лек бегори харидоре кунад. Навҳагар бошад муқаллид дар ҳадис, Ҷуз тамаъ набвад муроди он хабис. Навҳагар гӯяд ҳадиси сӯзнок, Лек ку сӯзи дилу домони чок. Аз муҳаққиқ то муқаллид фарқҳост, К-ин чу Довуд асту он дигар садост. Манбаи гуфтор ин сӯзе бувад В-он муқаллид куҳнаомӯзе бувад. Ҳин, машав ғурра бад-он гуфти ҳазин, Бор бар гов асту бар гардун ҳанин. Ҳам муқаллид нест маҳрум аз савоб, Навҳагарро музд бошад дар ҳисоб. Кофиру мӯъмин Худо гӯянд, лек Дар миёни ҳар ду фарқе ҳаст нек. Он гадо гӯяд Худо аз баҳри нон, Муттақӣ гӯяд Худо аз айни ҷон. Гар бидонистӣ гадо аз гуфти хеш, Пеши чашми ӯ на кам мондӣ, на беш. Солҳо гӯяд Худо он нонхоҳ, Ҳамчу хар мусҳаф кашад аз баҳри коҳ. Гар ба дил дартофтӣ гуфти лабаш, Зарра-зарра гашта будӣ қолабаш. Номи деве раҳ барад дар соҳирӣ, Ту ба номи Ҳақ пашизе мебарӣ?
Саҳифаи 12/114 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|