|
Хоридани рустоӣ дар торикӣ шерро ба занни он ки гови ӯст Рустоӣ гов дар охур бибаст, Шер говаш хурду бар ҷояш нишаст. Рустоӣ шуд дар охур сӯйи гов, Говро меҷуст шаб он кунҷков. Даст мемолид бар аъзои шер, Пушту паҳлӯ, гоҳ боло, гоҳ зер. Гуфт шер: «Ар равшанӣ афзун шудӣ, Заҳрааш бидридиву дил хун шудӣ. Инчунин густох з-он мехорадам, К-ӯ дар ин шаб гов мепиндорадам». Ҳақ ҳамегӯяд, ки эй мағрури кӯр! На зи номам пора-пора гашт Тур? Ки «лав анзално китобан лилҷабал, Лансадаъ, сумма-нқатаъ, сумма-ртаҳал». Аз ман ар кӯҳи Уҳуд воқиф будӣ, Пора гаштиву дилаш пурхун шудӣ. Аз падар в-аз модар ин бишнидаӣ, Лоҷарам ғофил дар ин печидаӣ. Гар ту бетақлид аз ин воқиф шавӣ, Бенишон аз лутф чун ҳотиф шавӣ. Бишнав ин қисса пайи таҳдидро, То бидонӣ офати тақлидро:
Саҳифаи 13/114 |