|
Шикоят кардани аҳли зиндон пеши вакили қозӣ аз дасти он муфлис Бо вакили қозии идрокманд Аҳли зиндон дар шикоят омаданд, Ки саломи мо ба қозӣ бар кунун, Бозгӯ озори мо з-ин марди дун. К-андар ин зиндон бимонд ӯ мустамир, Ёватозу таблхор асту музир. Чун магас ҳозир шавад дар ҳар таъом Аз вақоҳат, бесалову бесалом. Пеши ӯ ҳеч аст лути шаст кас, Кар кунад худро, агар гӯйиш бас. Марди зиндонро наёяд луқмае В-ар ба сад ҳилат гушояд тӯъмае. Дар замон пеш ояд он дӯзахгулӯ, Ҳуҷҷаташ ин ки Худо гуфто: «Кулу». З-ин чунин қаҳти сесола дод дод, Зилли мавлоно абад поянда бод. Ё зи зиндон то равад ин говмеш, Ё вазифа кун зи вақфе луқмаеш. Эй зи ту хуш ҳам зукуру ҳам унос, Дод кун, «ал-мустағос ал-мустағос». Сӯйи қозӣ шуд вакили бонамак, Гуфт бо қозӣ шикоят як ба як. Хонд ӯро қозӣ аз зиндон ба пеш, Пас тафаҳҳус кард аз аъёни хеш. Гашт собит пеши қозӣ он ҳама, Ки намуданд аз шикоят он рама. Гуфт қозӣ: «Хез, аз ин зиндон бирав, Сӯйи хонай мурдареги хеш шав». Гуфт: «Хону мони ман эҳсони туст, Ҳамчу кофир ҷаннатам зиндони туст. Гар зи зиндонам биронӣ ту ба рад, Худ бимирам ман зи тақсиреву гад». Ҳамчу Иблисе, ки мегуфт: «Эй салом, «Рабби анзирнӣ ило явми-л-қиём», К-андар ин зиндони дунё ман хушам, То ки душманзодагонро мекушам. Ҳар кӣ ӯро қути имоне бувад В-аз барои зоди раҳ ноне бувад. Меситонам гаҳ ба макру гаҳ ба рев, То бароранд аз пушаймонӣ ғирев. Гаҳ ба дарвешӣ кунам таҳдидашон, Гаҳ ба зулфу хол бандам дидашон». Қути имоне дар ин зиндон кам аст В-он ки ҳаст, аз захми ин саг дар хам аст. Аз намозу савму сад бечорагӣ Қути завқ ояд, барад якборагӣ. «Истаъизуллоҳ мин шайтониҳи, Қад ҳалакно, оҳ мин туғёниҳи». Як саг асту дар ҳазорон меравад, Ҳар кӣ дар вай рафт ӯ, ӯ мешавад. Ҳар кӣ сардат кард, медон, к-ӯ дар ӯст, Дев пинҳон гашта андар зери пӯст. Чун наёбад сурат, ояд дар хаёл, То кашонад он хаёлат дар вубол. Гаҳ хаёли фурҷаву гоҳе дукон, Гаҳ хаёли илму гоҳе хону мон. Ҳон, бигӯ лоҳавлҳо андар замон, Аз забон танҳо на, бал к-аз айни ҷон. Гуфт қозӣ: «Муфлисиро вонамо», Гуфт: «Инак аҳли зиндонат гуво». Гуфт: «Эшон муттаҳам бошанд чун Мегурезанд аз ту, мегирянд хун. В-аз ту мехоҳанд ҳам то вораҳанд, З-ин ғараз ботил гувоҳӣ медиҳанд». Ҷумла аҳли маҳкама гуфтанд: «Мо Ҳам бар идбору бар ифлосаш гуво». Ҳар киро пурсид қозӣ ҳоли ӯ, Гуфт: «Мавло, даст аз ин муфлис бишӯ». Гуфт қозӣ, к-аш бигардонед фош Гирди шаҳр, ин муфлис асту бас қалош. Кӯ ба кӯ ӯро мунодоҳо занед, Табли ифлосаш аён ҳар ҷо занед. Ҳеч кас нася бинафрӯшад бад-ӯ, Қарз надҳад ҳеч кас ӯро тасу. Ҳар кӣ даъво орадаш ин ҷо ба фан, Беш зиндонаш нахоҳам кард ман. Пеши ман ифлоси ӯ собит шудаст, Нақду коло, несташ чизе ба даст». Одамӣ дар ҳабси дунё з-он бувад, То бувад, к-ифлоси ӯ собит шавад. Муфлисии девро Яздони мо Ҳам мунодӣ кард дар Қуръони мо. К-ӯ дағову муфлис асту бадсухун, Ҳеч бо ӯ ширкату савдо макун. В-ар кунӣ, ӯро баҳона оварӣ, Муфлис аст ӯ, сарфа аз вай кай барӣ? Ҳозир оварданд, чун фитна фарӯхт, Уштури курде, ки ҳезум мефурӯхт. Курди бечора басе фарёд кард, Ҳам муваккалро ба донге шод кард. Уштураш бурданд аз ҳангоми чошт То шабу афғони ӯ суде надошт. Бар шутур биншаст он қаҳти гарон, Соҳиби уштур пайи уштур давон. Сӯ ба сӯву кӯ ба кӯ метохтанд, То ҳама шаҳраш аён бишнохтанд Пеши ҳар ҳаммому ҳар бозоргаҳ, Карда мардум ҷумла дар шаклаш нигаҳ. Даҳ мунодигар баландовозиён, Турку курду румиёну тозиён: «Муфлис аст ину надорад ҳеч чиз, Қарз то надҳад кас ӯро як пашиз. Зоҳиру ботин надорад ҳаббае, Муфлисе, қалбе, дағое, даббае. Ҳону ҳон бо ӯ ҳарифӣ кам кунед, Чунки гов орад, гираҳ муҳкам кунед. В-ар ба ҳукм оред ин пажмурдаро, Ман нахоҳам кард зиндон мурдаро. Хушдам аст ӯву гулӯяш бас фарох, Бо шиори нав, дисори шох-шох. Гар бипӯшад баҳри макр он ҷомаро, Ория-ст он, то фиребад омаро». Ҳарфи ҳикмат бар забони ноҳаким, Ҳуллаҳои орият дон, эй салим. Гарчи дузде ҳуллае пӯшидааст, Дасти ту чун гирад он, бибридадаст? Чун шабона аз шутур омад ба зер, Курд гуфташ: «Манзилам дур асту дер. Барнишастӣ уштурамро аз пагоҳ, Ҷав раҳо кардам, кам аз ихроҷи коҳ!» Гуфт: «То акнун чӣ мекардем пас? Ҳуши ту ку? Нест андар хона кас? Табли ифлосам ба чархи собиъа Рафту ту нашнидаӣ бад воқиъа? Гӯши ту пур будааст аз тамъи хом, Пас тамаъ кар мекунад кӯр, эй ғулом! То кулӯху санг бишнид ин баён: Муфлис асту муфлис аст ин қалтабон». То ба шаб гуфтанду дар соҳибшутур Бар назад, к-ӯ аз тамаъ пур буд, пур. Ҳаст бар самъу ба сар мӯҳри Худо, Дар ҳуҷуб бас сурат асту бас садо. Ончи ӯ хоҳад, расонад он ба чашм Аз ҷамолу аз камолу аз карашм. В-он чӣ ӯ хоҳад, расонад он ба гӯш Аз самоъу аз башорат в-аз хурӯш. Кавн пурчорасту ҳечат чора не, То ки нагшояд Худоят равзане. Гарчи ту ҳастӣ кунун ғофил аз он, Вақти ҳоҷат Ҳақ кунад онро аён. Гуфт пайғамбар, ки Яздони маҷид, Аз пайи ҳар дард дармон офарид. Лек з-он дармон набинӣ рангу бӯ, Баҳри дарди хеш, бе фармони ӯ. Чашмро, эй чораҷӯ, дар ломакон, Ҳин, бинеҳ, чун чашми кушта сӯйи ҷон. Ин ҷаҳон аз беҷиҳат пайдо шудаст, Ки зи беҷоӣ ҷаҳонро ҷо шудаст. Бозгард аз ҳаст сӯйи нестӣ, Толиби раббиву раббонистӣ. Ҷойи дахл аст ин адам, аз вай марам, Ҷойи харҷ аст ин вуҷуди бешу кам. Коргоҳи сунъи Ҳақ чун нестист, Ҷуз муаттал дар ҷаҳони ҳаст кист? Ёд деҳ моро суханҳои дақиқ, Ки туро раҳм оварад он, эй рафиқ! Ҳам дуъо аз ту, иҷобат ҳам зи ту, Эминӣ аз ту, маҳобат ҳам зи ту. Гар хато гуфтем, ислоҳаш ту кун, Муслеҳӣ ту, эй ту султони сухун. Кимиё дорӣ, ки табдилаш кунӣ, Гарчи ҷӯйи хун бувад, Нилаш кунӣ. Инчунин миногариҳо кори туст, Инчунин иксирҳо асрори туст. Оброву хокро бар ҳам задӣ, З-обу гил нақши тани Одам задӣ. Нисбаташ додиву ҷуфту холу ам, Бо ҳазор андешаву шодиву ғам. Боз баъзеро раҳоӣ додаӣ, З-ин ғаму шодӣ ҷудоӣ додаӣ. Бурдаӣ аз хешу пайванду сиришт, Кардаӣ дар чашми ӯ ҳар хуб зишт. Ҳар чӣ маҳсус аст, ӯ рад мекунад, В-он чи нопайдост, маснад мекунад. Ишқи ӯ пайдову маъшуқаш ниҳон, Ёр берун, фитнаи ӯ дар ҷаҳон. Ин раҳо кун, ишқҳои суратӣ Нест бар сурат, на бар рӯйи сатӣ. Он чи маъшуқ аст, сурат нест он, Хоҳ ишқи ин ҷаҳон, хоҳ он ҷаҳон. Он чи бар сурат ту ошиқ гаштаӣ, Чун бурун шуд ҷон, чарояш ҳиштаӣ? Сураташ барҷост, ин серӣ зи чист? Ошиқо, воҷӯ, ки маъшуқи ту кист? Он чи маҳсус аст, агар маъшуқа аст, Ошиқастӣ ҳар кӣ ӯро ҳисс ҳаст. Чун вафо он ишқ афзун мекунад, Кай вафо сурат дигаргун мекунад? Партави хуршед бар девор тофт, Тобиши ориятӣ девор ёфт. Бар кулӯхе дил чӣ бандӣ, эй салим, Воталаб асле, ки тобад ӯ муқим. Эй ки ту ҳам ошиқӣ бар ақли хеш, Хеш бар суратпарасон дида беш. Партави ақл аст он бар ҳисси ту, Орият медон заҳаб бар мисси ту. Чун зарандуд аст хубӣ дар башар, В-арна чун шуд шоҳиди ту пирхар? Чун фаришта буд, ҳамчун дев шуд, К-он малоҳат, к-андар ӯ ория буд. Андак-андак меситонанд он ҷамол, Андак-андак хушк мегардад ниҳол. Рав «нуъаммирҳу нунаккисҳу» бихон, Дил талаб кун, дил манеҳ бар устухон. К-он ҷамоли дил ҷамоли боқӣ аст, Давлаташ аз оби ҳайвон соқӣ аст. Худ ҳам ӯ об асту ҳам соқиву маст, Ҳар се як шуд, чун тилисми «ту» шикаст. Он якеро ту надонӣ аз қиёс, Бандагӣ кун, жож кам хо, ношинос. Маънии ту, сурат асту орият, Бар муносиб шодиву бар қофият. Маънӣ он бошад, ки бистонад туро, Бениёз аз нақш гардонад туро. Маънӣ он набвад, ки кӯру кар кунад, Мардро бар нақш ошиқтар кунад. Кӯрро қисмат хаёли ғамфизост, Баҳраи чашм ин хаёлоти фаност. Ҳарфи Қуръонро зарирон маъдананд, Хар набинанду ба полон барзананд. Чун ту биноӣ, пайи хар рав, ки ҷаст, Чанд полон дӯзӣ, эй полонпараст. Хар чу ҳаст, ояд яқин полон туро, Кам нагардад нон, чу бошад ҷон туро. Пушти хар дуккону молу максаб аст, Дурри қалбат мояи сад қолаб аст. Хар бараҳна барнишин, эй булфузул, Хар бараҳна, не ки рокиб шуд расул? «Ан-набиййу қад ракиб муърав риё, Ва-н-набиййу қила софар мошиё». Шуд хари нафси ту бар мехеш банд, Чанд бигрезад зи кору бор? Чанд? Бори сабру шукр, ӯро бурданист, Хоҳ дар сад солу хоҳӣ сиву бист. Ҳеч возир визри ғайре барнадошт, Ҳеч кас надруд, то чизе накошт. Тамъи хом аст, он махур хом, эй писар, Хом хӯрдан иллат орад дар башар: К-он фалонӣ ёфт ганҷи ногаҳон, Ман ҳамон хоҳам, ма кору ма дукон. Кори бахт аст ону он ҳам нодир аст, Касб бояд кард, то тан қодир аст. Касб кардан, ганҷро монеъ кай аст? По макаш аз кор, он худ дар пай аст. То нагардӣ ту гирифтори «агар», Ки агар ин кардаме ё он дигар. К-аз агар гуфтан расули бовифоқ Манъ карду гуфт: «Он ҳаст аз нифоқ». К-он мунофиқ дар агар гуфтан бимурд, В-аз агар гуфтан ба ҷуз ҳасрат набурд.
Саҳифаи 16/114 |