|
Кулӯх андохтани ташна аз сари девор дар ҷӯйи об Бар лаби ҷӯ буд деворе баланд, Бар сари девор ташнай дардманд. Монеъаш аз об он девор буд, Аз пайи об, ӯ чу моҳӣ зор буд. Ногаҳон андохт ӯ хиште дар об, Бонги об омад ба гӯшаш чун хитоб. Чун хитоби ёри ширини лазиз, Маст кард он бонги обаш чун набиз. Аз сафои бонги об он мумтаҳан Гашт хиштандоз, аз он ҷо хишткан. Об мезад, бонг, яъне: «Ҳай, туро, Фоида чӣ з-ин задан хиште маро?» Ташна гуфт: «Обо, маро ду фоидаст, Ман аз ин санъат надорам ҳеч даст. Фоидай аввал самоъи бонги об, К-ӯ бувад мар ташнагонро чун рубоб. Бонги ӯ чун бонги Исрофил шуд, Мурдаро з-ин зиндагӣ таҳвил шуд. Ё чу бонги раъди айёми баҳор Боғ меёбад аз ӯ чандин нигор. Ё чу бар дарвеш айёми закот, Ё чу бар маҳбус пайғоми наҷот. Чун дами Раҳмон бувад, к-он аз Яман, Мерасад сӯйи Муҳаммад бедаҳан. Ё чу бӯйи Аҳмади мурсал бувад, К-он ба осӣ дар шафоъат мерасад. Ё чу бӯйи Юсуфи хуби латиф, Мезанад бар ҷони Яъқуби наҳиф. Фоидай дигар, ки ҳар хиште, к-аз ин Барканам, оям сӯйи моъи маъин. К-аз камии хишт девори баланд Пасттар гардад ба ҳар дафъа, ки канд. Пастии девор қурбе мешавад, Фасли ӯ дармони васле мебувад. Саҷда омад кандани хишти лазиб, Мӯҷиби қурбе, ки «ва-сҷуд ва-қтариб». То ки ин девор олигардан аст, Монеъи ин сар фуруд овардан аст. Саҷда натвон кард бар оби ҳаёт, То наёбам з-ин тани хокӣ наҷот». Бар сари девор ҳар, к-ӯ ташнатар, Зудтар бармеканад хишту мадар. Ҳар кӣ ошиқтар бувад бар бонги об, ӯ кулӯхи зафттар канд аз ҳиҷоб. ӯ зи бонги об пурмай то унуқ, Нашнавад бегона ҷуз бонги булуқ. Эй хунук онро, ки ӯ айёми пеш Муғтанам дорад, гузорад воми хеш. Андар он айём, к-аш қудрат бувад, Сиҳҳату зӯри дилу қувват бувад. В-он ҷавонӣ ҳамчу боғи сабзу тар Мерасонад бедареғе бору бар. Чашмаҳои қуввату шаҳват равон, Сабз мегардад замини тан бад-он. Хонаи маъмуру сақфаш бас баланд, Мӯътадил аркону бетахлиту банд. Пеш аз он к-айёми пирӣ даррасад, Гарданат бандад ба «ҳаблин мин масад». Хок шӯра гардаду резону суст, Ҳаргиз аз шӯра наботи хуш наруст. Оби зӯру оби шаҳват мунқатеъ, ӯ зи хешу дигарон номунтафеъ. Абрувон чун полдум зер омада, Чашмро нам омада, торӣ шуда. Аз ташаннуҷ рӯ чу пушти сусмор, Рафта нутқу таъму дандонҳо зи кор. Рӯз бегаҳ, лоша лангу раҳ дароз, Коргаҳ вайрон, амал рафта зи соз. Бехҳои хӯйи бад мӯҳкам шуда, Қуввати баркандани он кам шуда.
Саҳифаи 24/114 |