|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Гуфтани Мӯсо алайҳиссалом гӯсолапарастро, ки он хаёландешиву ҳазми ту куҷост? Гуфт Мӯсо бо яке масти хаёл, К-эй бадандеш аз шақоват в-аз залол. Сад гумонат буд дар пайғамбарим Бо чунин бурҳону ин хулқи карим. Садҳазорон мӯъҷиза дидӣ зи ман, Сад хаёлат мефузуду шакку зан. Аз хаёлу васваса танг омадӣ, Таън бар пайғамбариям мезадӣ. Гард аз дарё баровардам аён, То раҳидет аз шари фиръавниён. З-осмон чил сол коса-в хон расид В-аз дуъоям ҷӯй аз санге давид. Ину садчандину чандин гарму сард Аз ту, эй сард, он таваҳҳум кам накард? Бонг зад гӯсолае аз ҷодуӣ, Саҷда кардӣ, ки Худои ман туӣ. Он таваҳҳумҳотро селоб бурд, Зиракии боридатро хоб бурд. Чун набудӣ бадгумон дар ҳаққи ӯ? Чун ниҳодӣ сар чунон, эй зиштхӯ? Чун хаёлат н-омад аз тазвири ӯ? В-аз фасоди сеҳри аҳмақгири ӯ? Сомирие худ кӣ бошад, эй сагон, Ки Худое бартарошад дар ҷаҳон? Чун дар ин тазвири ӯ якдил шудӣ? В-аз ҳама ишколҳо отил шудӣ? Гов мешояд худоиро ба лоф? Дар расулиям ту чун кардӣ хилоф? Пеши гове саҷда кардӣ аз харӣ, Гашт ақлат сайди сеҳри Сомирӣ. Чашм дуздидӣ зи нури зулҷалол, Ин-т ҷаҳли вофирe айни залол. Шуҳ бар он ақлу гузиниш, ки турост, Чун ту кони ҷаҳлро куштан сазост. Гови заррин бонг кард, охир чӣ гуфт? К-аҳмақонро ин ҳама рағбат шукуфт. З-он аҷабтар дидает аз ман басе, Лек Ҳақро кай пазирад ҳар хасе? Ботилонро чӣ рабояд? Ботилӣ, Отилонро чӣ хуш ояд? Отилӣ. З-он ки ҳар ҷинсе рабояд ҷинси х(в)ад, Гов сӯйи шери нар кай рӯ ниҳад? Гург бар Юсуф куҷо ишқ оварад? Ҷуз магар аз макр, то ӯро х(в)рад. Чун зи гурге вораҳад, маҳрам шавад, Чун саги Каҳф аз банӣ-Одам шавад. Чун Абӯбакр аз Муҳаммад бурд бӯ, Гуфт: «Ҳозо лайса ваҷҳун козибу». Чун набуд Бӯҷаҳл аз асҳоби дард, Дид сад шаққи қамар, бовар накард. Дардманде, к-аш зи бом афтод ташт, З-ӯ ниҳон кардем ҳақ, пинҳон нагашт. В-он ки ӯ ҷоҳил буд аз дардаш баъид, Чанд бинмуданду ӯ онро надид. Ойинай дил соф бояд, то дар ӯ Вошиносӣ сурати зишт аз накӯ.
Саҳифаи 42/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|