 |
Тарк кардани он марди носеҳ баъд аз муболиғаи панд мағрури хирсро Он мусулмон тарки аблаҳ карду тафт Зери лаб «ло ҳавл»-гӯён бозрафт. Гуфт: «Чун аз ҷидду пандам в-аз ҷидол Дар дили ӯ беш мезояд хаёл, Пас сари панду насиҳат баста шуд, Амри «аъриз анҳуму» пайваста шуд». Чун давоят мефизояд дард, пас Қисса бо толиб бигӯ, бархон абас. Чунки аъмо толиби Ҳақ омадаст, Баҳри фақри ӯ нашояд сина хаст. Ту ҳарисӣ бар ришоди меҳтарон, То биёмӯзанд ом аз сарварон. Аҳмадо, дидӣ, ки қавме аз мулук Мустамеъ гаштанд, гаштӣ хуш, ки бук. Ин райисон ёри дин гарданд х(в)аш, Бар Араб инҳо саранду бар Ҳабаш. Бигзарад ин сит аз Басра-в Табук, З-он ки «ан-носу ало дини-л-мулук». З-ин сабаб ту аз зарири муҳтадӣ Рӯ бигардонидиву танг омадӣ. К-андар ин фурсат кам афтад он мунох, Ту зи ёрониву вақти ту фарох. Муздаҳим мегардиам дар вақти танг, Ин насиҳат мекунам н-аз хашму ҷанг. Аҳмадо, назди Худо ин як зарир Беҳтар аз сад қайсар асту сад вазир. Ёди «ан-носу маъодин» ҳин биёр, Маъдане бошад фузун аз сад ҳазор. Маъдани лаълу ақиқи муктанис Беҳтар аст аз садҳазорон кони мис. Аҳмадо, ин ҷо надорад мол суд, Сина бояд пур зи ишқу дарду дуд. Аъмие рӯшандил омад, дар мабанд, Панд ӯро деҳ, ки ҳаққи ӯст панд. Гар ду-се аблаҳ туро мункар шуданд, Талх кай гардӣ? Чу ҳастӣ кони қанд. Гар ду-се аблаҳ туро тӯҳмат ниҳад, Ҳақ барои ту гувоҳӣ медиҳад. Гуфт: «Аз иқрори олам фориғам», Он ки Ҳақ бошад гувоҳ ӯро, чӣ ғам? Гар хуфошеро зи хуршеде хурест, Он далел омад, ки он хуршед нест. Нафрати хуффошакон бошад далел, Ки манам хуршеди тобони ҷалил. Гар гулоберо ҷуъал роғиб шавад, Он далели ногулобӣ мекунад. Гар шавад қалбе харидори миҳак, Дар миҳаккеаш дарояд нақсу шак. Дузд шаб хоҳад на рӯз, инро бидон, Шаб наям, рӯзам, ки тобам дар ҷаҳон. Фориқам, форуқаму ғалбервор, То ки коҳ аз ман намеёбад гузор. Ордро пайдо кунам ман аз сабус, То намоям, к-ин нуқуш аст, он нуфус. Ман чи мизони Худоям дар ҷаҳон, Вонамоям ҳар сабукро аз гарон. Говро донад Худо гӯсолае, Хар харидориву дархур колае. Ман на говам, то ки гӯсола-м харад, Ман на хорам, к-уштуре аз ман чарад. ӯ гумон дорад, ки бо ман ҷавр кард? Балки аз ойинаи ман рӯфт гард.
Саҳифаи 43/114 |