|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Тамаллуқ кардани девона Ҷолинусро ва тарсидани Ҷолинус Гуфт Ҷолинус бо асҳоби х(в)ад, «Мар маро то он фалон дору диҳад». Пас бад-ӯ гуфт он яке: «Эй зуфунун, Ин даво хоҳанд аз баҳри ҷунун. Дур аз ақлӣ ту, ин дигар магӯ», Гуфт: «Дар ман кард як девона рӯ. Соате дар рӯйи ман хуш бингарид, Чашмакам зад, остини ман дарид. Гар на ҷинсиййат будӣ дар ман аз ӯ, Кай рух овардӣ ба ман он зиштрӯ? Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ? Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ? Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак Дар миёншон ҳаст қадри муштарак. Кай парад мурғе магар бо ҷинси х(в)ад? Сӯҳбати ноҷинс гӯр асту лаҳад.
Саҳифаи 44/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|