 |
Сабаби паридан ва чаридани мурғе бо мурғе, ки ҷинси ӯ набуд Он ҳакиме гуфт: «Дидам ҳамтакӣ Дар биёбон зоғро бо лаклаке. Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон, То чӣ қадри муштарак ёбам нишон. Чун шудам наздик ман ҳайрону данг, Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг». Хоса шаҳбозе, ки ӯ аршӣ бувад, Бо яке ҷуғде, ки ӯ фаршӣ бувад. Он яке хуршеди иллиййин бувад В-ин дигар хуффош, к-аз сиҷҷин бувад. Он яке нуре, зи ҳар айбе барӣ В-ин яке кӯре, гадои ҳар даре. Он яке моҳе, ки бар парвин занад В-ин яке кирме, ки дар саргин зийад. Он яке юсуфрухе, исонафас В-ин яке гурге ва ё хар бо ҷарас. Он яке паррон шуда дар ломакон В-ин яке дар коҳдон ҳамчун сагон. Бо забони маънавӣ, гул бо ҷуъал Ин ҳамегӯяд, ки эй гандабағал! Гар гурезонӣ зи гулшан бегумон, Ҳаст он нафрат камоли гулситон. Ғайрати ман бар сари ту дурбош Мезанад, к-эй хас, аз ин ҷо дур бош. В-ар биёмезӣ ту бо ман, эй данӣ, Ин гумон ояд, ки аз кони манӣ. Булбулонро ҷой мезебад чаман, Мар ҷуъалро дар чаман хуштар ватан. Ҳақ маро чун аз палидӣ пок дошт, Чун сазад бар ман палидиро гумошт? Як рагам з-эшон буду онро бурид, Дар ман он бадраг куҷо хоҳад расид? Як нишони Одам он буд аз азал, Ки малоик сар ниҳандаш аз маҳал. Як нишони дигар он ки он Билис Нанҳадаш сар, ки манам шоҳу райис. Пас агар Иблис ҳам соҷид шудӣ, ӯ набудӣ Одам, ӯ ғайре будӣ. Ҳам суҷуди ҳар малак мизони ӯст, Ҳам суҷуди он адӯ бурҳони ӯст. Ҳам гувоҳи ӯст иқрори малак, Ҳам гувоҳи ӯст куфрони сагак. Ин сухан поён надорад, бозгард, То чӣ кард он хирс бо он некмард.
Саҳифаи 45/114 |