|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Татиммаи эътимоди он мағрур бар тамаллуқи хирс Шахс хуфту хирс мерондаш магас В-аз ситез омад магас з-ӯ бозпас. Чанд бораш ронд аз рӯйи ҷавон, Он магас з-ӯ боз меомад давон. Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт, Баргирифт аз кӯҳ санге сахт зафт Санг оварду магасро дид боз, Бар рухи хуфта гирифта ҷою соз. Баргирифт он осиёсангу бизад, Бар магас, то он магас вопас хазад. Санг рӯйи хуфтаро хашхош кард, Ин масал бар ҷумла олам фош кард: Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин, Кини ӯ меҳр асту меҳри ӯст кин. Аҳди ӯ суст асту вайрону заиф, Гуфти ӯ зафту вафои ӯ наҳиф. Гар хурад савганд ҳам бовар макун, Бишканад савганд марди кажсухун. Чун ба бесавганд гуфташ буд дурӯғ, Ту маюфт аз макру савгандаш ба дӯғ. Нафси ӯ мир асту ақли ӯ асир, Садҳазорон мусҳафаш худ хурда гир. Чунки бесавганд паймон бишканад, Гар хурад савганд ҳам, он бишканад. З-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он, Ки кунӣ бандаш ба савганди гарон. Чун асире банд бар ҳоким ниҳад, Ҳоким онро бардарад, берун ҷаҳад. Бар сараш кӯбад зи хашм он бандро, Мезанад бар рӯйи ӯ савгандро. Ту зи «уфу билуқуд»-аш даст шӯ, «Иҳфазу аймонакум» бо ӯ магӯ. В-он ки Ҳақро сохт дар паймон санад, Тан кунад чун тору гирди ӯ танад.
Саҳифаи 46/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|