|
Рафтани Мустафо алайҳиссалом ба иёдати саҳобӣ ва баёни фоидаи иёдат Аз саҳоба хоҷае бемор шуд В-андар он бемориаш чун тор шуд. Мустафо омад иёдат сӯйи ӯ, Чун ҳама лутфу карам буд хӯйи ӯ. Дар иёдат рафтани ту фоида-ст, Фоидай он боз бо ту ойида-ст. Фоидай аввал, ки он шахси алил, Бу, ки қутбе бошаду шоҳе ҷалил. Чун ду чашми дил надорӣ, эй ануд? Ки намедонӣ ту ҳезумро зи уд. Чунки ганҷе ҳаст дар олам, маранҷ, Ҳеч вайронро мадон холӣ зи ганҷ. Қасди ҳар дарвеш мекун аз газоф, Чун нишон ёбӣ, ба ҷид мекун тавоф. Чун туро он чашми ботинбин набуд, Ганҷ мепиндор андар ҳар вуҷуд. В-ар набошад қутб, ёри раҳ бувад, Шаҳ набошад, фориси испаҳ бувад. Пас силай ёрони раҳ лозим шумор, Ҳар кӣ бошад, гар пиёда, гар савор. В-ар адӯ бошад, ҳамин эҳсон накӯст, Ки ба эҳсон бас адӯ гаштаст дӯст. В-ар нагардад дӯст, кинаш кам шавад, З-он ки эҳсон кинаро марҳам шавад. Бас фавоид ҳаст ғайри ин, валек Аз дарозӣ хоифам, эй ёри нек. Ҳосил ин омад, ки ёри ҷамъ бош, Ҳамчу бутгар аз ҳаҷар ёре тарош. З-он ки анбӯҳеву ҷамъи корвон Раҳзанонро бишканад пушту синон.
Саҳифаи 47/114 |