 |
Ваҳй кардани Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом, ки чаро ба иёдати ман наёмадӣ? Омад аз Ҳақ сӯйи Мӯсо ин итеб, К-эй тулӯъи моҳ дида ту зи ҷеб. Мушриқат кардам зи нури эзадӣ, Ман Ҳақам. Ранҷур гаштам, н-омадӣ?» Гуфт: «Субҳоно, ту покӣ аз зиён, Ин чӣ рамз аст? Ин бикун, ё раб, баён». Боз фармудаш, ки дар ранҷуриам, Чун напурсидӣ ту аз рӯйи карам? Гуфт: «Ё раб, нест нуқсоне туро, Ақл гум шуд, ин суханро баргушо». Гуфт: «Оре. Бандаи хоси гузин, Гашт ранҷур, ӯ манам, некӯ бибин. Ҳаст маъзуриш маъзурии ман, Ҳаст ранҷуриш ранҷурии ман». Ҳар кӣ хоҳад ҳамнишинии Худо, То нишинад дар ҳузури авлиё. Аз ҳузури авлиё гар бискулӣ Ту ҳалокӣ, з-он ки ҷузве бекулӣ. Ҳар киро дев аз каримон вобурад, Бекасаш бояд сарашро ӯ хурад. Як бад аст аз ҷамъ рафтан як замон, Макри дев аст, бишнаву некӯ бидон.
Саҳифаи 48/114 |