 |
Гуфтани шайхе Абӯязидро, ки Каъба манам, гирди ман тавофе мекун Сӯйи Макка шайхи уммат Боязид Аз барои ҳаҷҷу умра медавид. ӯ ба ҳар шаҳре, ки рафтӣ аз нахуст Мар азизонро бикардӣ бозҷуст. Гирд мегаштӣ, ки андар шаҳр кист, К-ӯ бар аркони басират муттакист? Гуфт Ҳақ: «Андар сафар ҳар ҷо равӣ, Бояд аввал толиби марде шавӣ. Қасди ганҷе кун, ки ин суду зиён, Дар табаъ ояд. Ту онро фаръ дон». Ҳар кӣ корад, қасди гандум бошадаш, Коҳ худ андар табаъ меоядаш. Каҳ бикорӣ, барнаёяд гандуме, Мардумӣ ҷӯ, мардумӣ ҷӯ, мардумӣ. Қасди Каъба кун чу вақти ҳаҷ бувад, Чунки рафтӣ, Макка ҳам дида шавад. Қасд дар меъроҷ диди дӯст буд, Дар табаъ аршу малоик ҳам намуд.
Саҳифаи 51/114 |