 |
Ҳикоят Хонае нав сохт рӯзе навмурид, Пир омад, хонаи ӯро бидид. Гуфт шайх он навмуриди хешро, Имтиҳон кард он накӯандешро: «Равзан аз баҳри чӣ кардӣ, эй рафиқ?» Гуфт: «То нур андар ояд з-ин тариқ». Гуфт: «Он фаръ аст. Ин бояд ниёз, То аз ин раҳ бишнавӣ бонги намоз». Боязид андар сафар ҷустӣ басе, То биёбад Хизри вақти худ касе. Дид пире бо қаде ҳамчун ҳилол, Дид дар вай фарру гуфтори риҷол. Дида нобинову дил чун офтоб, Ҳамчу пиле дида Ҳиндустон ба хоб. Чашмбаста хуфта бинад сад тараб, Чун гушояд, он набинад, эй аҷаб! Бас аҷаб дар хоб рӯшан мешавад, Дил даруни хоб равзан мешавад. Он кӣ бедор асту бинад хоби х(в)аш Ориф аст ӯ, хоки ӯ дар дида каш. Пеши ӯ биншасту мепурсид ҳол, Ёфташ дарвешу ҳам соҳибиёл. Гуфт: «Азми ту куҷо, эй Боязид? Рахти ғурбатро куҷо хоҳӣ кашид?» Гуфт: «Қасди Каъба дорам аз пагаҳ», Гуфт: «Ҳин, бо худ чӣ дорӣ зоди раҳ?» Гуфт: «Дорам аз дирам нуқра дувист, Нак бибаста сахт дар гӯшай ридист». Гуфт: «Тавфе кун ба гирдам ҳафт бор В-ин накӯтар аз тавофи ҳаҷ шумор. В-он дирамҳо пеши ман неҳ, эй ҷавод! Дон, ки ҳаҷ кардиву ҳосил шуд мурод. Умра кардӣ, умри боқӣ ёфтӣ, Соф гаштӣ, бар Сафо биштофтӣ. Ҳаққи он ҳаққе, ки ҷонат дидааст, Ки маро бар байти худ бигзидааст. Каъба ҳарчанде, ки хонай бирри ӯст, Хилқати ман низ хонай сирри ӯст. То бикард он хонаро, дар вай нарафт В-андар ин хона, ба ҷуз он ҳай нарафт. Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ, Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ. Хидмати ман, тоату ҳамди Худост, То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост. Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар, То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар». Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт, Ҳамчу заррин ҳалқааш дар гӯш дошт. Омад аз вай Боязид андар мазид, Мунтаҳӣ дар мунтаҳо охир расид.
Саҳифаи 52/114 |