 |
Ба ҳилат дар сухан овардани соил он зиракро, ки худро девона сохта буд Он яке мегуфт: «Хоҳам оқиле, Машварат орам бад-ӯ дар мушкиле». Он яке гуфташ, ки андар шаҳри мо Нест оқил, ҷуз ки он маҷнуннамо. Бар найе гашта савора, нак фалон, Медавонад дар миёни кӯдакон. Соҳиби рой асту оташпорае, Осмонқадр асту ахтарборае. Фарри ӯ каррубиёнро ҷон шудаст, ӯ дар ин девонагӣ пинҳон шудаст. Лек ҳар девонаро ҷон нашмарӣ, Сар манеҳ гӯсоларо чун Сомирӣ. Чун валие ошкоро бо ту гуфт Садҳазорон ғайбу асрори ниҳуфт, Мар туро он фаҳму он дониш набуд, Вонадонистӣ ту саргинро зи уд. Аз ҷунун худро валӣ чун парда сохт, Мар варо, эй кӯр, кай хоҳӣ шинохт? Гар туро боз аст он дидай яқин, Зери ҳар санге яке сарҳанг бин. Пеши он чашме, ки бозу раҳбар аст, Ҳар гилемеро Қалиме дар бар аст. Мар валиро ҳам валӣ шӯҳра кунад, Ҳар киро ӯ хост, бобаҳра кунад. Кас надонад аз хирад ӯро шинохт, Чунки ӯ мар хешро девона сохт. Чун бидуздад дузд биноӣ зи кӯр, Ҳеч ёбад дуздро ӯ дар убур? Кӯр нашносад, ки дузди ӯ кӣ буд, Гарчи худ бар вай занад дузди ануд. Чун газад саг кӯри соҳибжандаро, Кай шиносад он саги даррандаро?
Саҳифаи 55/114 |