 |
Хондани мӯҳтасиб масти харобафтодаро ба зиндон Мӯҳтасиб дар нимшаб ҷойе расид, Дар буни девор масте хуфта дид. Гуфт: «Ҳай, мастӣ, чӣ хӯрдастӣ? Бигӯ», Гуфт: «Аз ин хӯрдам, ки ҳаст андар сабӯ». Гуфт: «Охир дар сабӯ вогӯ, ки чист?» Гуфт: «Аз он ки хӯрдаам». Гуфт: «Ин хафист». Гуфт: «Он чӣ хӯрдаӣ, он чист он?» Гуфт: «Он кӣ дар сабӯ махфист он». Давр мешуд ин суолу ин ҷавоб, Монд чун хар мӯҳтасиб андар халоб. Гуфт ӯро мӯҳтасиб: «Ҳин, оҳ кун», Маст ҳу-ҳу кард ҳангоми сухун. Гуфт: «Гуфтам, оҳ кун, ҳу мекунӣ» Гуфт: «Ман шоду ту аз ғам мунҳанӣ. Оҳ, аз дарду ғаму бедодӣ аст, Ҳуй-ҳуйи майхурон аз шодӣ аст». Мӯҳтасиб гуфт: «Ин надонам, хез, хез, Маърифат матрошу бигзор ин ситез». Гуфт: «Рав, ту аз куҷо, ман аз куҷо?» Гуфт: «Мастӣ, хез то зиндон биё». Гуфт маст: «Эй мӯҳтасиб, бигзору рав, Аз бараҳна кай тавон бурдан гарав? Гар маро худ қуввати рафтан будӣ, Хонаи худ рафтаме в-ин кай шудӣ? Ман агар боақлу боимконаме, Ҳамчу шайхон бар сари дукконаме».
Саҳифаи 57/114 |