|
Васият кардани пайғамбар алайҳиссалом он беморро ва дуъо омӯзониданаш Гуфт пайғамбар мар он беморро, Чун иёдат кард ёри зорро. Ки магар навъе дуъое кардаӣ? Аз ҷаҳолат заҳрбое х(в)ардаӣ? Ёд овар чӣ дуъо мегуфтаӣ? Чун зи макри нафс меошуфтаӣ. Гуфт: «Ёдам нест. Илло ҳиммате Дор бо ман, ёдам ояд соате». Аз ҳузури нурбахши Мустафо Пеши хотир омад онро он дуъо. Тофт з-он равзан, ки аз дил то дил аст Равшанӣ, ки фарқи ҳаққу ботил аст. Гуфт: «Инак ёдам омад, эй расул! Он дуъо, ки гуфтаам ман булфузул. Чун гирифтори гунаҳ меомадам, Ғарқа даст андар хашоиш мезадам. Аз ту таҳдиду ваъиде мерасид Муҷримонро аз азоби бас шадид. Музтариб мегаштаму чора набуд, Банди мӯҳкам буду қуфли ногушуд. Не мақоми сабру не роҳи гурез, Не умеди тавба, не ҷойи ситез. Ман чу Ҳоруту чу Морут аз ҳазан Оҳ мекардам, ки эй халлоқи ман! Аз хатар Ҳоруту Морут ошкор Чоҳи Бобулро бикарданд ихтиёр. То азоби охират ин ҷо кашанд, Гурбузанду оқилу соҳирвашанд. Нек карданду ба ҷойи хеш буд, Саҳлтар бошад зи оташ ранҷи дуд. Ҳад надорад васфи ранҷи он ҷаҳон, Саҳл бошад ранҷи дунё пеши он. Эй хунук он к-ӯ ҷиҳоде мекунад, Бар бадан заҷреву доде мекунад. То зи ранҷи онҷаҳонӣ вораҳад, Бар худ ин ранҷи ибодат мениҳад. Ман ҳамегуфтам, ки ё раб он азоб Ҳам дар ин олам бирон бар ман шитоб. То дар он олам фароғат бошадам, Дар чунин дар хост ҳалқа мезадам. Инчунин ранҷурие пайдом шуд, Ҷони ман аз ранҷ беором шуд. Мондаам аз зикру аз авроди х(в)ад, Бехабар гаштам зи хешу неку бад. Гар намедидам кунун ман рӯйи ту, Эй хуҷаста в-эй муборак бӯйи ту, Мешудам аз банд ман якборагӣ, Кардиам шоҳона ин ғамхорагӣ. Гуфт: «Ҳай-ҳай, ин дуъо дигар макун, Бармакан ту хешро аз беху бун. Ту чӣ тоқат дорӣ, эй мӯри нажанд, Ки ниҳад бар ту чунон кӯҳи баланд?» Гуфт: «Тавба кардам, эй султон, ки ман Аз сари ҷалдӣ налофам ҳеч фан. Ин ҷаҳон тиҳ асту ту Мӯсову мо, Аз гунаҳ дар тиҳ монда мубтало. Қавми Мӯсо роҳ мепаймудаанд, Охир андар гоми аввал будаанд. Солҳо раҳ меравему дар ахир Ҳамчунон дар манзили аввал асир. Гар дили Мӯсо зи мо розӣ будӣ, Тиҳро роҳу карон пайдо шудӣ. В-ар ба кул безор будӣ ӯ зи мо, Кай расидӣ хонамон ҳеч аз само? Кай зи санге чашмаҳо ҷӯшон шудӣ? Не шумо гуфтед: «Мо қурбонием? Пеши авсофи бақо мо фонием? Мо агар қаллошу гар девонаем, Масти он соқиву он паймонаем. Бар хату фармони ӯ сар мениҳем, Ҷони ширинро гаравгон медиҳем. То хаёли дӯст дар асрори мост, Чокариву ҷонсупорӣ кори мост. Ҳар куҷо шамъи бало афрӯхтанд, Садҳазорон ҷони ошиқ сӯхтанд. Ошиқоне, к-аз даруни хонаанд, Шамъи рӯйи ёрро парвонаанд». Эй дил, он ҷо рав, ки бо ту равшананд, В-аз балоҳо мар туро чун ҷавшананд. Бар ҷиноётат мувосо мекунанд, Дар миёни ҷон туро ҷо мекунанд. З-он миёни ҷон туро ҷо мекунанд, То туро пурбода чун ҷоме кунанд. Дар миёни ҷони эшон хона гир, Дар фалак хона кун, эй бадри мунир! Чун Аторуд дафтари дил во кунанд, То ки бар ту сиррҳо пайдо кунанд. Пеши хешон бош, чун овораӣ, Бар маҳи комил зан, ар маҳпораӣ. Ҷузвро аз кулли худ парҳез чист? Бо мухолиф ин ҳама омез чист? Ҷинсро бин, навъ гашта дар равиш, Ғайбҳо бин, айн гашта дар раҳиш. То чу зан ишвахарӣ, эй бехирад! Аз дурӯғу ишва кай ёбӣ мадад? Чоплусу лафзи ширину фиреб Меситонӣ, мениҳӣ чун зан ба ҷеб. Мар туро дашному силии шаҳон Беҳтар ояд аз санои гумраҳон. Сафъи шоҳон хур, махур шаҳди хасон, То касе гардӣ зи иқболи касон. З-он к-аз эшон хилъату давлат расад, Дар паноҳи рӯҳ ҷон гардад ҷасад. Ҳар куҷо бинӣ бараҳна-в бенаво, Дон, ки ӯ бигрехтаст аз усто. То чунон гардад, ки мехоҳад дилаш, Он дили кӯри бади беҳосилаш. Гар чунон гаштӣ, ки усто хостӣ, Хешрову хешро оростӣ. Ҳар кӣ аз усто гурезад дар ҷаҳон, ӯ зи давлат мегурезад, ин бидон. Пешае омӯхтӣ дар касби тан, Чанг андар пешайи динӣ бизан. Дар ҷаҳон пӯшида гаштиву ғанӣ, Чун бурун ойӣ аз ин ҷо, чун кунӣ? Пешае омӯз, к-андар охират Андар ояд дахли касби мағфират. Он ҷаҳон шаҳрест пурбозору касб, То напиндорӣ, ки касб ин ҷост ҳасб. Ҳақ таъоло гуфт, к-ин касби ҷаҳон Пеши он касб аст лаъби кӯдакон. Ҳамчу он тифле, ки бар тифле танад, Шакли сӯҳбат кун масосе мекунад. Кӯдакон созанд дар бозӣ дукон, Суд набвад ҷуз ки таъбири замон. Шаб шавад, дар хона ояд гурсуна, Кӯдакон рафта, бимонда яктана. Ин ҷаҳон бозигаҳ асту марг шаб, Бозгардӣ кисахолӣ, пуртаъаб. Касби дин ишқ асту ҷазби андарун, Қобилият нури Ҳақро, эй ҳарун! Касби фонӣ хоҳадат ин нафси хас, Чанд касби хас кунӣ? Бигзору бас. Нафси хас гар ҷӯядат касби шариф, Ҳилаву макре бувад онро радиф.
Саҳифаи 60/114 |