 |
|
|
 |
Бедор кардани Иблис Муъовияро, ки хез, вақти намоз аст Дар хабар омад, ки он Муъъовия, Хуфта буд дар қаср, дар як зовия, Қасрро аз андарун дар баста буд, К-аз зиёратҳои мардум хаста буд. Ногаҳон марде варо бедор кард, Чашм чун бигшод, пинҳон гашт мард. Гуфт: «Андар қаср касро раҳ набуд, Кист, к-ин густохиву ҷуръат намуд?» Гирд баргашту талаб кард он замон, То биёмад з-он ниҳонгашта нишон. ӯ паси дар мудбареро дид, к-ӯ Дар паси парда ниҳон мекард рӯ. Гуфт: «Ҳай, ту кистӣ? Номи ту чист?» Гуфт: «Номам фош Иблиси шақист». Гуфт: «Бедорам чаро кардӣ ба ҷид? Рост гӯ бо ман, магӯ бар аксу зид».
61/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|