 |
Боз тақрир кардани Муъовия бо Иблис макри ӯро Гуфт амир ӯро, ки инҳо рост аст, Лек бахши ту аз инҳо костаст. Садҳазоронро чу ман ту раҳ задӣ, Ҳуфра кардӣ, дар хазина омадӣ. Оташӣ, аз ту насӯзам, чора нест, Кист, к-аз дасти ту ҷома-ш пора нест? Табъат, эй оташ, чу сӯзониданист, То насӯзонӣ ту чизе, чора нест. Лаънат ин бошад, ки сӯзонат кунад, Устоди ҷумла дуздонат кунад. Бо Худо гуфтӣ, шунидӣ, рӯ ба рӯ, Ман чӣ бошам пеши макрат, эй адӯ? Маърифатҳои ту чун бонги сафир, Бонги мурғон аст, лекин мурғгир. Садҳазорон мурғро он раҳ задаст, Мурғ ғирра, к-ошное омадаст. Дар ҳаво чун бишнавад бонги сафир, Аз ҳаво ояд, шавад ин ҷо асир. Қавми Нӯҳ аз макри ту дар навҳаанд, Дил кабобу сина шарҳа-шарҳаанд. Одро ту бод додӣ дар ҷаҳон, Дарфигандӣ дар азобу андуҳон. Аз ту буд он сангсори қавми Лут, Дар сиёҳоба зи ту хӯрданд ғӯт. Мағзи Намруд аз ту омад рехта, Эй ҳазорон фитнаҳо ангехта. Ақли Фиръавни закии файласуф Кӯр гашт аз ту, наёбид ӯ вуқуф. Бӯлаҳаб ҳам аз ту ноаҳле шуда, Булҳаким ҳам аз ту Бӯҷаҳле шуда. Эй бар ин шатранҷ баҳри ёдро Мот карда сад ҳазор устодро. Эй зи фарзин бандҳои мушкилат, Сӯхта дилҳо, сияҳ гашта дилат. Баҳри макрӣ ту, халоиқ қатрае, Ту чу кӯҳӣ в-ин салимон заррае. Кай раҳад аз макри ту, эй мухтасим! Ғарқи тӯфонем «илло ман усим». Бас ситорай саъд аз ту муҳтариқ, Бас сипоҳу ҷамъ аз ту муфтариқ.
Саҳифаи 64/114 |