 |
Нолидани Муъовия ба ҳазрати Ҳақ таъоло аз Иблис ва нусрат хостан Ин ҳадисаш ҳамчу дуд аст, эй Илоҳ, Даст гир, ар на гилемам шуд сиёҳ. Ман ба ҳуҷҷат бар наёям бо Билис, К-ӯст фитнай ҳар шарифу ҳар хасис. Одамӣ, к-ӯ «алламу-л-асмо» баг аст, Дар таги чун барқи ин саг бетаг аст. Аз биҳишт андохташ бар рӯйи хок, Чун самак дар шасти ӯ шуд аз симок. Навҳаи «инно заламно» мезадӣ, Нест дастону фусунашро ҳаде. Андаруни ҳар ҳадиси ӯ шар аст, Садҳазорон сеҳр дар вай музмар аст. Мардии мардон бибандад дар нафас, Дар зану дар мард афрӯзад ҳавас. Эй Билиси халқсӯзи фитнаҷӯ, Бар чиям бедор кардӣ? Рост гӯ».
Саҳифаи 67/114 |