 |
Боз тақрири Иблис талбиси худро Гуфт: «Ҳар марде, ки бошад бадгумон, Нашнавад ӯ ростро бо сад нишон. Ҳар даруне, ки хаёландеш шуд, Чун далел орӣ, хаёлаш беш шуд. Чун сухан дар вай равад, иллат шавад, Теғи ғозӣ дуздро олат шавад. Пас ҷавоби ӯ сукут асту сукун, Ҳаст бо аблаҳ сухан гуфтан ҷунун. Ту зи ман бо Ҳақ чӣ нолӣ, эй салим, Ту бинол аз шарри он нафси лаъим. Ту хурӣ ҳалво, туро думмал шавад, Таб бигирад, табъи ту мухтал шавад. Бегунаҳ лаънат кунӣ Иблисро, Чун набинӣ аз худ он талбисро. Нест аз Иблис, аз туст, эй ғавӣ! Ки чу рӯбаҳ сӯйи дунба медавӣ. Чунки дар сабза бибинӣ дунбаро, Дом бошад, ин надонӣ ту чаро? З-он надонӣ, ки-т зи дониш дур кард, Майли дунба чашму ақлат кӯр кард. «Ҳуббука-л-ашёа юъмика юсим, Нафсука-с-савдо ҷанат ло тахтасим». Ту гунаҳ бар ман манеҳ, каж-каж мабин, Ман зи бад безораму аз ҳирсу кин. Ман бадӣ кардам, пушаймонам ҳанӯз, Интизорам, то шабам ояд ба рӯз. Муттаҳам гаштам миёни халқ ман, Феъли худ бар ман ниҳад ҳар марду зан. Гурги бечора агарчи гурсуна-ст, Муттаҳам бошад, ки ӯ дар тантана-ст. Аз заифӣ чун надонад роҳ рафт, Халқ гӯяд: «Тухма аст аз лути зафт».
Саҳифаи 68/114 |