|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Боз илҳоҳ кардани Муъовия Иблисро Гуфт: «Ғайри ростӣ нарҳонадат, Дод сӯйи ростӣ мехонадат. Рост гӯ, то вораҳӣ аз чанги ман, Макр наншонад ғубори ҷанги ман». Гуфт: «Чун донӣ дурӯғу ростро? Эй хаёландеши пурандешаҳо!» Гуфт: «Пайғамбар нишоне додааст, Қалбу некӯро миҳак бинҳодааст. Гуфтааст: «Ал-кизбу райбун фӣ-л-қулуб», Гуфт: «Ас-сидқу тумаънинун таруб». Дил наёромад зи гуфтори дурӯғ, Обу равған ҳеч нафрӯзад фурӯғ. Дар ҳадиси рост ороми дил аст, Ростиҳо донаи доми дил аст. Дил магар ранҷур бошад, баддаҳон, Ки надонад чошнии ину он. Чун шавад аз ранҷу иллат дил салим, Таъми кизбу ростро бошад алим. Ҳирси Одам чун сӯйи гандум фузуд, Аз дили Одам салимиро рабуд. Пас дурӯғу ишваатро гӯш кард, Ғирра гашту заҳри қотил нӯш кард. Каждум аз гандум надонист он нафас, Мепарад тамйиз аз масти ҳавас. Халқ масти орзуянду ҳаво, З-он пазироянд дастони туро. Ҳар кӣ худро аз ҳавохӯ боз кард, Чашми худро ошнои роз кард».
Саҳифаи 69/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|