 |
Шикояти қозӣ аз офати қазо ва ҷавоб гуфтани ноиб ӯро Қозие биншонданду мегирист, Гуфт ноиб: «Қозиё, гиря зи чист? Ин на вақти гиряву фарёди туст, Вақти шодиву муборакбоди туст». Гуфт: «Аҳ, чун ҳукм ронад бедиле? Дар миёни он ду олим ҷоҳиле: Он ду хасм аз воқеай худ воқифанд, Қозии мискин чӣ донад з-он ду банд? Ҷоҳил асту ғофил аст аз ҳолашон, Чун равад дар хунашону молашон?» Гуфт: «Хасмон олиманду иллатӣ, Ҷоҳилӣ ту, лек шамъи миллатӣ. З-он ки ту иллат надорӣ дар миён, Он фароғат ҳаст нури дигарон. В-он ду олимро ғаразшон кӯр кард, Илмашонро иллат андар гӯр кард. Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад, Илмро иллат кажу золим кунад. То ту ришват настадӣ, бинандаӣ, Чун тамаъ кардӣ, зариру бандаӣ. Аз ҳаво ман хӯйро вокардаам, Луқмаҳои шаҳватӣ кам х(в)ардаам. Чошнигири дилам шуд бофурӯғ, Ростро донад ҳақиқат аз дурӯғ».
Саҳифаи 70/114 |