 |
Ба иқрор овардани Муъовия Иблисро «Ту чаро бедор кардӣ мар маро? Душмани бедориӣ ту, эй дағо! Ҳамчу хашхошӣ, ҳама хоб оварӣ, Ҳамчун хамрӣ, ақлу донишро барӣ. Чормехат кардаам ман, рост гӯ, Ростро донам, ту ҳилатҳо маҷӯ. Ман зи ҳар кас он тамаъ дорам, ки ӯ Соҳиби он бошад андар табъу хӯ. Ман зи сирка менаҷӯям шаккаре, Мар муханнасро нагирам лашкарӣ. Ҳамчу габрон ман наҷӯям аз буте, К-ӯ бувад Ҳақ ё худ аз Ҳақ ояте. Ман зи саргин менаҷӯям бӯйи мушк, Ман дар оби ҷӯ наҷӯям хишти хушк. Ман зи шайтон ин наҷӯям, к-ӯст ғайр, Ки маро бедор гардонад ба хайр». Гуфт бисёр он Билис аз макру ғадр, Мир аз ӯ нашнид, кард истезу сабр.
Саҳифаи 71/114 |