 |
Рост гуфтани Иблис замири худро ба МуъовияАз буни дандон бигуфташ: «Баҳри он, Кардамат бедор, медон, эй фалон! То расӣ андар ҷамоат дар намоз, Аз пайи пайғамбари давлат фароз. Гар намоз аз вақт рафтӣ, мар туро Ин ҷаҳон торик гаштӣ беризо. Аз ғабину дард рафтӣ ашкҳо Аз ду чашми ту мисоли машкҳо. Завқ дорад ҳар касе дар тоате, Лоҷарам нашкебад аз вай соате. Он ғабину дард будӣ сад намоз, Ку намозу ку фурӯғи он ниёз?»
Саҳифаи 72/114 |