|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Фазилати ҳасрат хӯрдани он мухлис бар фавти намози ҷамоат Он яке мерафт дар масҷид дарун, Мардум аз масҷид ҳамеомад бурун. Гашт пурсон, ки ҷамоатро чӣ буд, Ки зи масҷид мебурун оянд зуд? Он яке гуфташ, ки пайғамбар намоз Бо ҷамоат карду фориғ шуд зи роз. Ту куҷо дармеравӣ, эй марди хом? Чунки пайғамбар бидодаст: «Ас-салом». Гуфт: «Оҳу дуд аз он аҳ шуд бурун, Оҳи ӯ медод аз дил бӯйи хун». Он яке гуфто: «Бидеҳ он оҳро, Ин намози ман туро, бодо ато». Гуфт: «Додам оҳу пазруфтам намоз», ӯ ситад он оҳро бо сад ниёз. Шаб ба хоб – андар бигуфташ ҳотифо, Ки харидӣ оби ҳайвону шифо. Ҳурмати ин ихтиёру ин духул Шуд намози ҷумлаи халқон қабул.
Саҳифаи 73/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|