 |
Татиммаи иқрори Иблис ба Муъовия макри худро Пас Азозилаш бигуфт: «Эй мири род, Макри худ андар миён бояд ниҳод. Гар намозаш фавт мешуд он замон, Мезадӣ аз дарди дил оҳу фиғон. Он таассуф в-он фиғону он ниёз Даргузаштӣ аз дусад зикру намоз. Ман туро бедор кардам аз ниҳеб, То насӯзонад чунон оҳе ҳиҷеб. То чунон оҳе набошад мар туро, То бад-он роҳе набошад мар туро. Ман ҳасудам. Аз ҳасад кардам чунин, Ман адуввам. Кори ман макр асту кин». Гуфт: «Акнун рост гуфтӣ, содиқӣ, Аз ту ин ояд, ту инро лоиқӣ. Анкабутӣ ту, магас дорӣ шикор, Ман наям, эй саг, магас, заҳмат маёр. Бози испедам, шикорам шаҳ кунад, Анкабуте кай ба гирди мо танад? Рав, магас мегир, то тонӣ, ҳало! Сӯйи дӯғе зан магасҳоро сало. В-ар бихонӣ ту ба сӯйи ангубин, Ҳам дурӯғу дӯғ бошад он яқин. Ту маро бедор кардӣ, хоб буд, Ту намудӣ киштӣ, он гирдоб буд. Ту маро дар хайр з-он мехондӣ, То маро аз хайри беҳтар рондӣ».
Саҳифаи 74/114 |