 |
Қиссаи мунофиқон ва масҷиди Зирор сохтани эшон Як мисоли дигар андар кажравӣ, Шояд ар аз нақли Қуръон бишнавӣ. Инчунин кажбозие дар ҷуфту тоқ, Бо набӣ мебохтанд аҳли нифоқ. К-аз барои иззи дини аҳмадӣ Масҷиде созему буд он муртаде. Инчунин каж бозие мебохтанд, Масҷиде ҷуз масҷиди ӯ сохтанд. Сақфу фаршу қуббааш ороста, Лек тафриқи ҷамоат хоста. Назди пайғамбар ба лоба омаданд, Ҳамчу уштур пеши ӯ зону заданд. К-эй расули Ҳақ, барои мӯҳсине, Сӯйи он масҷид қадам ранҷа кунӣ? То муборак гардад аз иқдоми ту, То қиёмат тоза бодо номи ту. Масҷиди рӯзи гил асту рӯзи абр, Масҷиди рӯзи зарурат, вақти фақр. То ғарибе ёбад он ҷо хайру ҷо, То фаровон гардад ин хидматсаро. То шиори дин шавад бисёру пур, З-он ки бо ёрон шавад хуш кори мур. Соате он ҷойгаҳ ташриф деҳ, Тазкиямон кун зи мо, таъриф деҳ. Масҷиду асҳоби масҷидро навоз, Ту маҳӣ, мо шаб, даме бо мо бисоз. То шавад шаб аз ҷамолат ҳамчу рӯз, Эй ҷамолат офтоби ҷонфурӯз». Эй дареғо, к-он сухан аз дил будӣ, То муроди он нуфар ҳосил шудӣ. Лутф, к-ояд бедилу ҷон дар забон, Ҳамчу сабзай тун бувад, эй дӯстон! Ҳам зи дураш бингару андаргузар, Хӯрдану бӯро нашояд, эй писар! Сӯйи лутфи бевафоён ҳин марав, К-он пули вайрон бувад, некӯ шунав. Гар қадамро ҷоҳиле бар вай занад, Бишканад пул в-он қадамро бишканад. Ҳар куҷо лашкар шикаста мешавад, Аз ду-се сусти муханнас мебувад. Дар саф ояд бо силоҳ ӯ мардвор, Дил бар ӯ бинҳанд, к-инак ёри ғор. Рӯ бигардонад, чу бинад захмро, Рафтани ӯ бишканад пушти туро. Ин дароз асту фаровон мешавад В-он чӣ мақсуд аст, пинҳон мешавад.
Саҳифаи 76/114 |