|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Андешидани яке аз саҳоба ба инкор, ки расул алайҳиссалом чаро сатторӣ намекунад? То яке ёре зи ёрони расул Дар дилаш инкор омад з-он нукул, Ки чунин пирони бошайбу вақор, Мекунадшон ин паябар шармсор? Ку карам? Ку ситрпӯшӣ? Ку ҳаё? Садҳазорон айб пӯшанд анбиё. Боз дар дил зуд истиғфор кард, То нагардад з-эътироз ӯ рӯйзард. Шумии ёрии асҳоби нифоқ Кард мӯъминро чу эшон зишту оқ. Боз мезорид, к-эй алломи сирр, Мар маро магзор бар куфрон мусирр. Дил ба дастам нест ҳамчун диди чашм В-арна дилро сӯзаме ин дам зи хашм». Андар ин андеша хобаш даррабуд, Масҷиди эшон-ш пурсаргин намуд. Сангҳош андар ҳадас ҷойи табоҳ Медамид аз сангҳо дуди сиёҳ. Дуд дар ҳалқаш шуду ҳалқаш бихаст, Аз ниҳеби дуди талх аз хоб ҷаст. Дарзамон дар рӯ фитоду мегирист, К-эй Худо, инҳо нишони мункирист. Хилм беҳтар аз чунин ҳилм, эй Худо, Ки кунад аз нури имонам ҷудо». Гар биковӣ кӯшиши аҳли маҷоз, Тӯ ба тӯ ганда бувад ҳамчун пиёз. Ҳар яке аз якдигар бемағзтар, Содиқонро як зи дигар нағзтар. Сад камар он қавм баста бар қабо Баҳри ҳадми масҷиди аҳли қубо. Ҳамчу он асҳоби фил андар ҳабаш Каъбае карданд, Ҳақ оташ задаш. Қасди Каъба сохтанд, аз интиқом Ҳолашон чун шуд? Фурӯ хон аз калом. Мар сияҳрӯёни динро худ ҷиҳез Нест илло ҳилату макру ситез. Ҳар саҳобе дид з-он масҷид аён, Воқеа то шуд яқиншон сирри он. Воқеот ар бозгӯям як ба як, Пас яқин гардад сафо бар аҳли шак. Лек метарсам зи кашфи розашон, Нозанинонанду зебад нозашон. Шаръи бетақлид мепазруфтаанд, Бемиҳак он нақдро бигрифтаанд. Ҳикмати Қуръон чу золай мӯъмин аст, Ҳар касе дар золаи худ мӯқин аст.
Саҳифаи 78/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|