|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Қиссаи он шахс, ки уштури золлаи худ меҷуст ва мепурсид Уштуре гум кардиву ҷустиш чуст, Чун биёбӣ чун надонӣ, к-они туст? Зола чӣ бвад? Ноқае гум кардаӣ, Аз кафат бигрехта дар пардае. Омада дар бор кардан корвон, Уштури ту з-он миён гашта ниҳон. Медавӣ ин сӯву он сӯ хушклаб, Корвон шуд дуру наздик аст шаб. Рахт монда бар замин дар роҳи хавф, Ту пайи уштур давон гашта ба тавф. К-эй мусулмонон, кӣ дидаст уштуре? Ҷаста берун бомдод аз охуре? Ҳар кӣ баргӯяд нишон аз уштурам, Муждагонӣ медиҳам чандин дирам. Бозмеҷӯйӣ нишон аз ҳар касе, Ришхандат мекунад з-ин ҳар хасе. К-уштуре дидем мерафт ин тараф, Уштури сурхе, ба сӯйи он алаф. Он яке гӯяд: бурида гӯш буд? В-он дигар гӯяд, ҷулаш манқуш буд? Он яке гӯяд: шутур якчашм буд? В-он дигар гӯяд: зи гар бепашм буд? Аз барои муждагонӣ сад нишон, Аз газофа ҳар хасе карда баён.
Саҳифаи 79/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|