 |
Ташнеъи сӯфиён бар он сӯфӣ, ки пеши шайх бисёр мегӯяд Сӯфиён бар сӯфие шуъна заданд, Пеши шайхи хонақоҳе омаданд. Шайхро гуфтанд: «Доди ҷони мо Ту аз ин сӯфӣ биҷӯ, эй пешво!» Гуфт: «Охир чӣ гила-ст, эй сӯфиён?» Гуфт: «Ин сӯфӣ се хӯ дорад гарон: Дар сухан бисёргӯ ҳамчун ҷарас, Дар хуриш афзун хурад аз бист кас. В-ар бихуспад, ҳаст чун асҳоби Каҳф», Сӯфиён карданд пеши шайх заҳф. Шайх рӯ овард сӯйи он фақир, Ки зи ҳар ҳоле ки ҳаст, авсот гир. Дар хабар «хайру-л-умур авсотуҳо», Нофеъ омад з-эътидол ахлотҳо. Гар яке хилте фузун шуд аз араз, Дар тани мардум падид ояд мараз. Бар қарини хеш мафзо дар сифат, К-он фироқ орад яқин дар оқибат. Нутқи Мӯсо буд бар андоза, валек Ҳам фузун омад зи гуфти ёри нек. Он фузунӣ бо Хизир омад шиқоқ, Гуфт: «Рав, ту муксирӣ, ҳозо фироқ». Мӯсиё, бисёргӯйӣ дур шав В-арна бо ман гунг бошу кӯр шав. В-ар нарафтӣ в-аз ситеза шистаӣ, Ту ба маънӣ рафтаӣ, бигсастаӣ. Чун ҳадас кардӣ ту ногаҳ дар намоз, Гӯядат: «Сӯйи таҳорат рав, ба тоз». В-ар нарафтӣ хушк ҷунбон мешавӣ, Худ намозат рафт, биншин, эй ғавӣ. Рав бари онҳо, ки ҳам ҷуфти туанд, Ошиқону ташнаи гуфти туанд. Посбон бар хобнокон барфузуд, Моҳиёнро посбон ҳоҷат набуд. Ҷомапӯшонро назар бар гозар аст, Ҷони урёнро таҷаллӣ зевар аст. Ё зи урёнон ба як сӯ бозрав, Ё чу эшон фориғ аз тан ҷома шав. В-ар наметонӣ, ки кул урён шавӣ, Ҷома кам кун, то раҳи авсат равӣ.
Саҳифаи 101/114 |