|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر دویم |
|
|
Ишкол овардан бар ин қисса Аблаҳон гӯянд, к-ин афсонаро Хат бикаш, зеро дурӯғ асту хато. З-он ки Марям вақти вазъи ҳамли хеш Буд аз бегона дуру ҳам зи хеш. Аз буруни шаҳр он ширинфусун То нашуд фориғ, наёмад худ дарун. Марям андар ҳамл ҷуфти кас нашуд, Аз буруни шаҳр ӯ вопас нашуд. Чун бизодаш, онгаҳонаш бар канор Баргирифту бурд то пеши табор. Модари Яҳё куҷо дидаш, ки то Гӯяд ӯро ин сухан дар моҷаро?
Саҳифаи 105/114 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|