|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر دویم |
|
|
Ҷавоби ишкол Ин надонад, к-он ки аҳли хотир аст, Ғоиби офоқ ӯро ҳозир аст. Пеши Марям ҳозир ояд дар назар, Модари Яҳё, ки дур аст аз басар. Дидаҳо баста бибинад дӯстро, Чун мушаббак карда бошад пӯстро. В-ар надидаш н-аз бурун, н-аз андарун, Аз ҳикоят гир маънӣ, эй забун! Не чун он к-афсонаҳо бишнида буд, Ҳамчу «шин» бар нақши он чафсида буд. То ҳамегуфт: «Он Калилай безабон, Чун сухан нӯшад зи Димнай бебаён? В-ар бидонистанд лаҳни ҳамдигар, Фаҳми он чун кард бенутқе башар? Дар миёни шеру гов он Димна чун Шуд расулу хонд бар ҳар ду фусун? Чун вазири шер шуд гови набил? Чун зи акси моҳ тарсон гашт пил? Ин Калила-в Димна ҷумла ифтирост В-арна кай бо зоғ лаклакро мирост?» Эй бародар, қисса чун паймонаест, Маънӣ андар вай мисоли донаест. Донаи маънӣ бигирад марди ақл, Нангарад паймонаро гар гашт нақл. Моҷарои булбулу гул гӯш дор, Гарчи гуфтӣ нест он ҷо ошкор.
Саҳифаи 106/114 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|