 |
Сухан гуфтан ба забони ҳол ва фаҳм кардани он Моҷарои шамъ бо парвона ту Бишнаву маънӣ гузин з-афсона ту. Гарчи гуфтӣ нест, сирри гуфт ҳаст, Ҳин, ба боло пар, мапар чун ҷуғд паст. Гуфт дар шатранҷ, к-ин хонай рух аст, Гуфт: «Хона аз куҷо омад ба даст? Хонаро бихрид ё мерос ёфт?» Фаррух он кас, к-ӯ суйи маънӣ шитофт. Гуфт наҳвӣ: «Зайду Амран қад зараб», Гуфт: «Чунаш кард бе ҷурме адаб? Амрро ҷурмаш чӣ буд, к-он Зайди хом Бегунаҳ ӯро бизад ҳамчун ғулом?» Гуфт: «Ин паймонаи маънӣ бувад, Гандуме бистон, ки паймона-ст рад. Зайду Амр аз баҳри эъроб асту соз, Гар дурӯғ аст он, ту бо эъроб соз». Гуфт: «Не! Ман он надонам, Амрро, Зайд чун зад бегуноҳу бехато?» Гуфт: «Аз ночору» лоғе баргушуд: «Амр як «вов»-и фузун дуздида буд. Зайд воқиф гашт, дуздашро бизад, Чунки аз ҳад бурд, ӯро ҳад сазад».
Саҳифаи 107/114 |