 |
Пазиро омадани сухани ботил дар дили ботилонГуфт: «Инак рост пазруфтам ба ҷон», Каж намонад рост дар пеши кажон. Гар бигӯйӣ аҳвалеро: «Маҳ якест», Гӯядат: «Ин дусту дар ваҳдат шакест». В-ар бар ӯ хандад касе, гӯяд: «Ду аст», Рост дорад, ин сазои бадхӯ аст. Бар дурӯғон ҷамъ меояд дурӯғ, «Лил-хабисоти-л-хабисин» зад фурӯғ. Дилфарохонро бувад дасти фарох, Чашмкӯронро исори санглох.
Саҳифаи 108/114 |