 |
Ҷустани он дарахт, ки ҳар кӣ меваи он дарахт хӯрад, намирад Гуфт доное барои достон, Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон, Ҳар касе, к-аз меваи ӯ хӯрду бурд, Не шавад ӯ пир, не ҳаргиз бимурд. Подшоҳе ин шунид аз содиқе, Бар дарахту мевааш шуд ошиқе. Қосиде доно зи девони адаб Сӯйи Ҳиндустон равон кард аз талаб. Солҳо мегашт он қосид аз ӯ Гирди Ҳиндустон барои ҷустуҷӯ. Шаҳр – шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт, Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт. Ҳар киро пурсид, кардаш ришханд, К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд. Бас касон сафъаш заданд андар мизоҳ, Бас касон гуфтанд: «Эй соҳибфалоҳ, Ҷустуҷӯйи чун ту зирак, синасоф, Кай тиҳӣ бошад? Куҷо бошад газоф? В-ин мурооташ яке сафъи дигар В-ин зи сафъи ошкоро сахттар. Меситудандаш ба тасхур, к-эй бузург! Дар фалон иқлими бас ҳавлу сутург, Дар фалон беша дарахте ҳаст сабз, Бас баланду паҳну ҳар шохеш габз. Қосиди шаҳ баста дар ҷустан камар, Мешунид аз ҳар касе навъе хабар. Бас саёҳат кард он ҷо солҳо, Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо. Чун басе дид андар он ғурбат таъаб, Оҷиз омад охируламр аз талаб. Ҳеч аз мақсуд асар пайдо нашуд, З-он ғараз ғайри хабар пайдо нашуд. Риштаи уммеди ӯ бигсаста шуд, Ҷустаи ӯ оқибат ноҷуста шуд. Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ, Ашк мебориду мебуррид роҳ.
Саҳифаи 109/114 |