 |
|
|
 |
Шарҳ кардани шайх сирри он дарахтро бо он толиби муқаллид Буд шайхе, олиме, қутбе карим Андар он манзил, ки оис шуд надим. Гуфт: «Ман навмед пеши ӯ равам, З-остони ӯ ба роҳ андар шавам. То дуъои ӯ бувад ҳамроҳи ман, Чунки навмедам ман аз дилхоҳи ман». Рафт пеши шайх бо чашми пуроб, Ашк меборид монанди саҳоб. Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму риққат аст, Ноумедам, вақти лутф ин соат аст». Гуфт: «Вогӯ, к-аз чӣ навмедистат? Чист матлуби ту? Рӯ бо чистат?» Гуфт: «Шоҳаншоҳ кардам ихтиёр, Аз барои ҷустани як шохсор, Ки дарахте ҳаст нодир дар ҷиҳот, Меваи ӯ мояи оби ҳаёт. Солҳо ҷустам, надидам як нишон Ҷуз ки танзу тасхури ин сархушон». Шайх хандиду бигуфташ: «Эй салим! Ин дарахти илм бошад дар алим. Бас баланду бас шигарфу бас басит, Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит. Ту ба сурат рафтаӣ, эй бехабар! З-он зи шохи маъниӣ бебору бар. Гаҳ дарахташ ном шуд, гаҳ офтоб, Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб. Он яке, к-иш сад ҳазор осор хост, Камтарин осори ӯ умри бақост. Гарчи фард аст ӯ, асар дорад ҳазор, Он якеро ном шояд бешумор. Он яке шахсе туро бошад падар, Дар ҳақи шахси дигар бошад писар. Дар ҳақи дигар бувад қаҳру адӯ, Дар ҳақи дигар бувад лутфу накӯ. Садҳазорон ному ӯ як одамӣ, Соҳиби ҳар васфаш аз васфе амӣ. Ҳар кӣ ҷӯяд ном, гар соҳибсиқа-ст, Ҳамчу ту навмеду андар тафриқа-ст. Ту чӣ барчафсӣ бар ин номи дарахт? То бимонӣ талхкому шӯрбахт. Даргузар аз ному бингар дар сифот, То сифотат раҳ намояд сӯйи зот. Ихтилофи халқ аз ном уфтод, Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.
110/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|