 |
Қиссаи батбаччагон, ки мурғи хонагӣ парвардашон Тухми баттӣ, гарчи мурғи хонаат Кард зери пар чу доя тарбият. Модари ту батти он дарё будаст, Дояаш хокӣ буду хушкипараст. Майли дарё, ки дили ту андар аст, Он табиат ҷон-тро аз модар аст. Майли хушкӣ мар туро з-ин доя аст, Дояро бигзор, к-ӯ бадроя аст. Дояро бигзор дар хушку бирон, Андаро дар баҳри маънӣ чун батон. Гар туро модар битарсонад зи об, Ту матарсу сӯйи дарё рон шитоб. Ту батӣ, бар хушку бар тар зиндаӣ, Не чу мурғи хона хона кандаӣ. Ту зи «каррамно банӣ-Одам» шаҳӣ, Ҳам ба хушкӣ, ҳам ба дарё по ниҳӣ. Ки «ҳамалноҳум ала-л-баҳр»-ӣ ба ҷон, Аз «ҳамалноҳум ала-л-бар» пеш рон. Мар малойикро суйи бар роҳ нест, Ҷинси ҳайвон ҳам зи баҳр огоҳ нест. Ту ба тан ҳайвон, ба ҷонӣ аз малак, То равӣ ҳам бар замин, ҳам бар фалак. То ба зоҳир «мислукум» бошад башар Бо дили «юҳо илайҳи» дидавар. Қолиби хокӣ фитода бар замин, Рӯҳи ӯ гардон барин чархи барин. Мо ҳама мурғобиёнем, эй ғулом! Баҳр медонад забони мо тамом. Пас Сулаймон баҳр омад, мо чу тайр, Дар Сулаймон то абад дорем сайр. Бо Сулаймон пой дар дарё бинеҳ, То чу Довуд об созад сад зиреҳ. Он Сулаймон пеши ҷумла ҳозир аст, Лек ғайрат чашмбанду соҳир аст. То зи ҷаҳлу хобнокиву фузул ӯ ба пеши мову мо аз вай малул. Ташнаро дарди сар орад бонги раъд, Чун надонад, к-ӯ кашонад абри саъд. Чашми ӯ мондаст дар ҷӯйи равон Бехабар аз завқи оби осмон. Маркаби ҳиммат суйи асбоб ронд, Аз мусаббиб лоҷарам маҳҷуб монд. Он кӣ бинад ӯ мусаббибро аён, Кай ниҳад дил бар сабабҳои ҷаҳон?
Саҳифаи 113/114 |