|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Ҳайрон шудани ҳоҷиён дар каромоти он зоҳид, ки дар бодия танҳош ёфтандЗоҳиде буд дар миёни бодия, Дар ибодат ғарқ чун аббодия. Ҳоҷиён он ҷо расиданд аз билод, Дидашон бар зоҳиди хушк уфтод. Ҷойи зоҳид хушк буд, ӯ тармизоҷ, Аз самуми бодия будаш илоҷ. Ҳоҷиён ҳайрон шуданд аз ваҳдаташ В-он саломат дар миёни офаташ. Дар намоз истода буд бар рӯйи рег, Рег, к-аз таффаш биҷӯшад оби дег. Гуфтие сармаст дар сабза-в гул аст, Ё савора бар Буроқу Дулдул аст. Ё ки пояш бар ҳариру ҳуллаҳост, Ё самум ӯро беҳ аз боди сабост. Пас бимонданд он ҷамоат бо ниёз, То шавад дарвеш фориғ аз намоз. Чун зи истиғроқ бозомад фақир З-он ҷамоат зиндае равшанзамир. Дид, к-обаш мечакид аз дасту з-ӯ Ҷомааш тар буд аз осори вузӯ. Пас бипурсидаш, ки обат аз куҷост? Дастро бардошт, к-аз сӯйи самост. Гуфт: «Ҳар гоҳе ки хоҳӣ, мерасад? Бе зи чоҳу бе зи «ҳаблин мин масад?» Мушкили мо ҳал кун, эй султони дин! То бибахшад ҳоли ту моро яқин. Вонамо сирре зи асрорат ба мо, То бибуррем аз миён зуннорҳо». Чашмро бигшуд сӯйи осмон, Ки иҷобат кун дуъои ҳоҷиён, Ризқҷӯйиро зи боло хӯгарам, Ту зи боло баргушудастӣ дарам. Эй намуда ту макон аз ломакон, «Фӣ-с-самоӣ ризқукум» карда аён. Дар миёни ин муноҷот абри х(в)аш Зуд пайдо шуд чу пили обкаш. Ҳамчу об аз машк боридан гирифт, Дар гаву дар ғорҳо маскан гирифт. Абр меборид чун машк ашкҳо, Ҳоҷиён ҷумла гушода машкҳо. Як ҷамоат з-он аҷоиб корҳо Мебуриданд аз миён зуннорҳо. Қавми дигарро яқин дар издиёд, З-ин аҷаб «валлоҳу аълам би-р-рашод». Қавми дигар нопазиро туршу хом, Ноқисони сармадӣ «тамма-л-калом».
Саҳифаи 114/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|