 |
Имтиҳони ҳар чизе то зоҳир шавад хайру шарре, ки дар вай аст Як назар қонеъ машав з-ин сақфи нур, Борҳо бингар, бибин: «ҳал мин футур»? Чунки гуфтат, к-андар ин сақфи накӯ, Борҳо бингар чу марди айбҷӯ. Пас замини тираро донӣ, ки чанд, Дидану тамйиз бояд дар писанд. То биполоем софонро зи дурд, Чанд бояд ақли моро ранҷ бурд? Имтиҳонҳои зимистону хазон, Тоби тобистон, баҳори ҳамчу ҷон. Бодҳову абрҳову барқҳо, То падид орад авориз, фарқҳо. То бурун орад замини хокранг, Ҳар чӣ андар ҷайб дорад лаълу санг. Ҳар чӣ дуздидаст ин хоки дужам Аз хизонай ҳаққу дарёи карам. Шаҳнаи тақдир гӯяд рост гӯ, Он чӣ бурдӣ, шарҳ водеҳ мӯ ба мӯ. Дузд, яъне хок гӯяд ҳеч-ҳеч, Шаҳна ӯро даркашад дар печ-печ. Шаҳна гоҳаш лутф гӯяд чун шакар, Гаҳ баровезад. кунад ҳар чӣ батар. То миёни қаҳру лутф он хуфяҳо Зоҳир ояд з-оташи хавфу риҷо. Он баҳорон лутфи шаҳнай кибриёст, В-он хазон таҳдиду тахвифи Худост. В-он зимистон чормехи маънавӣ, То ту, эй дузди хафӣ, зоҳир шавӣ. Пас муҷоҳидро замоне басти дил Як замоне қабзу дарду ғишшу ғил. З-он ки ин обу гиле, к-абдони мост, Мункиру дузди зиёи ҷонҳост. Ҳақ таъоло гарму сарду ранҷу дард, Бар тани мо мениҳад, эй шермард! Хавфу ҷӯъу нақси амволу бадан, Ҷумла баҳри нақди ҷон зоҳир шудан. Ин ваъиду ваъдаҳо ангехтаст, Баҳри ин неку баде, к-омехтаст. Чунки ҳаққу ботиле омехтанд, Нақду қалб андар ҳурумдон рехтанд. Пас миҳак мебоядаш бигзидае, Дар ҳақоиқ имтиҳонҳо дидае. То шавад форуқи ин тазвирҳо, То набуд дастури ин тадбирҳо. Шир деҳ, эй модари Мӯсо, варо В-андар об афган, маяндеш аз бало. Ҳар кӣ дар рӯзи аласт он шир х(в)ард, Ҳамчу Мӯсо ширро тамйиз кард. Гар ту бар тамйизи тифлат мулаъӣ, Ин замон ё умми Мӯсо «арзиъӣ». То бибинад таъми шири модараш, То фурӯ н-ояд ба дойай бад сараш.
Саҳифаи 81/114 |