|
Баёни он ки дар ҳар нафсе фитнаи масҷиди Зирор ҳаст Чун падид омад, ки он масҷид набуд, Хонаи ҳилат буду доми ҷуҳуд. Пас набӣ фармуд, к-онро баркананд, Матраҳай хошоку хокистар кунанд. Соҳиби масҷид чу масҷид қалб буд, Донаҳо бар дом резӣ, нест ҷуд. Гӯшт, к-андар шасти ту моҳирабост, Ончунон луқма на бахшиш, на сахост. Масҷиди аҳли қубо, к-он буд ҷамод, Он чи куфви ӯ набуд, роҳаш надод. Дар ҷамодот инчунин ҳайфе нарафт, Зад дар он нокуфв амири дод нафт. Пас ҳақоиқро, ки асли аслҳост, Дон, ки он ҷо фарқҳову фаслҳост. На ҳаёташ чун ҳаёти ӯ бувад, На мамоташ чун мамоти ӯ бувад. Гӯри ӯ ҳаргиз чу гӯри ӯ мадон, Худ чӣ гӯям ҳоли фарқи он ҷаҳон? Бар миҳак зан кори худ, эй марди кор, То насозӣ масҷиди аҳли Зирор. Бас дар он масҷидкунон тасхур задӣ, Чун назар кардӣ, ту худ з-эшон будӣ.
Саҳифаи 83/114 |