 |
Ҳикояти ҳинду, ки бо ёри худ ҷанг мекард бар коре ва хабар надошт, ки ӯ ҳам бад-он мубталост Чор ҳинду дар яке масҷид шуданд, Баҳри тоат рокеъу соҷид шуданд. Ҳар яке бар нияте такбир кард, Дар намоз омад ба мискиниву дард. Муъзин омад, аз яке лафзе биҷаст, К-эй муаззин, бонг кардӣ, вақт ҳаст? Гуфт он ҳиндуи дигар аз ниёз: «Ҳай, сухан гуфтиву ботил шуд намоз». Он сеюм гуфт он дувумро: «Эй аму! Чӣ занӣ таъна бар ӯ? Худро бигӯ». Он чаҳорум гуфт: «Ҳамдуллаҳ, ки ман, Дарнаяфтодам ба чаҳ чун он се тан». Пас намози ҳар чаҳорон шуд табоҳ, Айбгӯён бештар гум карда роҳ. Эй хунукҷоне, ки айби хеш дид, Ҳар кӣ айбе гуфт, он бар худ харид. З-он ки ними ӯ зи айбистон будаст В-он дигар нимаш зи ғайбистон будаст. Чунки бар сар мар туро даҳ реш ҳаст, Марҳамат бар хеш бояд кор баст. Айб кардан хешро доруи ӯст, Чун шикаста гашт, ҷойи «ирҳаму»-ст. Гар ҳамон айбат набуд, эмин мабош, Бу, ки он айб аз ту гардад низ фош. «Ло тахофу» аз Худо нашнидаӣ, Пас чӣ худро эмину хуш дидаӣ? Солҳо Иблис некӯном зист, Гашт расво, бин ки ӯро ном чист. Дар ҷаҳон маъруф буд алёи ӯ, Гашт маъруфе ба акс, эй войи ӯ. То найӣ эмин, ту маъруфӣ маҷӯ, Рӯ бишӯй аз хавф, пас бинмой рӯ. То нарӯяд риши ту, эй хуби ман, Бар дигар содазанах таъна мазан. Ин нигар, ки мубтало шуд ҷони ӯ, Дар чаҳе афтод, то шуд панди ту. Ту наяфтодӣ, ки бошӣ панди ӯ, Заҳр ӯ нӯшид, ту хур қанди ӯ.
Саҳифаи 84/114 |